https://sputnik.tj/20230807/fojia-purqurboni-kulob-emomali-rahmon-1058678994.html
Эълони сабаби фоҷиаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат
Эълони сабаби фоҷиаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат
Sputnik Тоҷикистон
Мошини гаронвазни боркаш бо суръати баланд дар шаҳри Кӯлоб воситаҳои нақлиёт ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро зер карда, зарари ҷонию молӣ расондаст
2023-08-07T09:36+0500
2023-08-07T09:36+0500
2023-08-07T09:37+0500
дар тоҷикистон
садама
пурқурбонӣ
кӯлоб
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/06/1045542956_34:0:939:509_1920x0_80_0_0_44819bd1b85c6b4987dd6b875a066a3b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазирони ҳукуматро ба макони садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб сафарбар намудаст. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, фоҷиа дар Кӯлоб шоми 6 август рух дод. Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки мошини боркаши "Дулан" бо ядак, ки мутааллиқ ба ширкати "Кафолат Воридоту Содирот" будаст, дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб чандин воситаи нақлиёту хонаҳоро зер кардаст. Сабаби фоҷиа аз кор баромадани маҷмӯи боздорӣ - тормози воситаи нақлиёт гуфта мешавад, ки дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, дар баробари зер кардани мошинҳо инчунин вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.ВУД теъдоди дақиқи қурбониёну маҷруҳонро нагуфтааст, аммо манобеи маҳаллӣ мегӯянд, эҳтимол то 10 нафар ба ҳалокат расида бошанд. Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба иттилои ВУД, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони баландпояи ҳукумат, аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси КҲФ, роҳбари Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷои ҳодиса сафарбар намудаст.
https://sputnik.tj/20230802/rahmon-vurud-moshin-sol-man-kotibot-sabab-1058589650.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/06/1045542956_147:0:826:509_1920x0_80_0_0_dc29569840d42762cf230c601e5f675a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабаб, садама, пурқурбонӣ, эълон, эмомалӣ раҳмон
сабаб, садама, пурқурбонӣ, эълон, эмомалӣ раҳмон
Эълони сабаби фоҷиаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат
09:36 07.08.2023 (Навсозишуда: 09:37 07.08.2023) Мошини гаронвазни боркаш бо суръати баланд дар шаҳри Кӯлоб воситаҳои нақлиёт ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро зер карда, зарари ҷонию молӣ расондаст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазирони ҳукуматро ба макони садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб сафарбар намудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, фоҷиа дар Кӯлоб шоми 6 август рух дод.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки мошини боркаши "Дулан" бо ядак, ки мутааллиқ ба ширкати "Кафолат Воридоту Содирот" будаст, дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб чандин воситаи нақлиёту хонаҳоро зер кардаст.
Сабаби фоҷиа аз кор баромадани маҷмӯи боздорӣ - тормози воситаи нақлиёт гуфта мешавад, ки дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, дар баробари зер кардани мошинҳо инчунин вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.
ВУД теъдоди дақиқи қурбониёну маҷруҳонро нагуфтааст, аммо манобеи маҳаллӣ мегӯянд, эҳтимол то 10 нафар ба ҳалокат расида бошанд.
Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои ВУД, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони баландпояи ҳукумат, аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси КҲФ, роҳбари Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷои ҳодиса сафарбар намудаст.