https://sputnik.tj/20230806/tavlidot-ravghan-tojikiston-ziyod-1058676075.html
Тавлиди равған дар Тоҷикистон 5% зиёд шудаст
Тавлиди равған дар Тоҷикистон 5% зиёд шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан дастур дода буд, ки аз ҳисоби афзоиш додани тавлидоти дохилӣ таъминоти кишварро бо равғани худӣ бештар кунанд
2023-08-06T17:04+0500
2023-08-06T17:04+0500
2023-08-06T17:04+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
равған
саноат
истеҳсолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056284622_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_5c4d58c5100d8190d798bb5370e1d564.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Корхонаҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 11 ҳазор тон равғани растанӣ истеҳсол кардаанд. Дар ин бора Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 489 тонна ё қариби 5% зиёд мебошад. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳоро муваззаф кард, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро фаъол созанд.Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир қаблан изҳор дошта буд, ки таъминоти бозор бо равғани худӣ ба мушкили аслӣ табдил ёфтааст.Ӯ зикр намуд, ки дар айни ҳол иқтидорҳои тавлиди равған дар Тоҷикистон ҳамагӣ 20%-и талаботи бозорро таъмин мекунанд.Вазир гуфт, барои ислоҳи вазъ дар Ӯзбекистон бо масъулини ширкати чиние мулоқот дошт, ки ба тавлиди таҷҳизот барои истеҳсоли равған машғуланду дар кишвари ҳамсоя чандин корхонаро фаъол кардааст.Вай илова намуд, ки барои фаъолсозии иқтидорҳои нав дар Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои равғанбарории замони шӯравӣ дар Бохтар, Душанбе, Конибодом ва Хуҷанд мутахассисони ширкати чиниро даъват кардааст.Шералӣ Кабир изҳори умед намуд, ки бо ҷалби ин ва дигар шарикон иқтидорҳои нави равғанбарорӣ дар Тоҷикистон фаъол хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20230806/narkh-hajm-voridot-ord-tojikiston-kohish-1058674647.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056284622_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_dfbbb4cc8a24836b152613389b2db121.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавлидот, равған, тоҷикистон, равған, таъминот
тавлидот, равған, тоҷикистон, равған, таъминот
Тавлиди равған дар Тоҷикистон 5% зиёд шудаст
Раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан дастур дода буд, ки аз ҳисоби афзоиш додани тавлидоти дохилӣ таъминоти кишварро бо равғани худӣ бештар кунанд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Корхонаҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 11 ҳазор тон равғани растанӣ истеҳсол кардаанд.
Дар ин бора Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 489 тонна ё қариби 5% зиёд мебошад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳоро муваззаф кард, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро фаъол созанд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир қаблан изҳор дошта буд, ки таъминоти бозор бо равғани худӣ ба мушкили аслӣ табдил ёфтааст.
Ӯ зикр намуд, ки дар айни ҳол иқтидорҳои тавлиди равған дар Тоҷикистон ҳамагӣ 20%-и талаботи бозорро таъмин мекунанд.
Вазир гуфт, барои ислоҳи вазъ дар Ӯзбекистон бо масъулини ширкати чиние мулоқот дошт, ки ба тавлиди таҷҳизот барои истеҳсоли равған машғуланду дар кишвари ҳамсоя чандин корхонаро фаъол кардааст.
Вай илова намуд, ки барои фаъолсозии иқтидорҳои нав дар Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои равғанбарории замони шӯравӣ дар Бохтар, Душанбе, Конибодом ва Хуҷанд мутахассисони ширкати чиниро даъват кардааст.
Шералӣ Кабир изҳори умед намуд, ки бо ҷалби ин ва дигар шарикон иқтидорҳои нави равғанбарорӣ дар Тоҷикистон фаъол хоҳанд шуд.