Кадом минтақаи Тоҷикистон маҳсулоти саноатии бештар тавлид кардааст

Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар дар соли равон хабар дод
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар кишвар дардар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми 20,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 фоизро ташкил дод ё хуб ба андозаи 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Вай гуфт, ки ҳиссаи соҳаҳо дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 31 фоиз ба саноати маъдан, 22 фоиз ба саноати хӯрокворӣ, 21 фоиз ба электроэнергия, 8 фоиз ба саноати мошинсозӣ, беш аз 5 фоиз ба саноати сабук ва дигар соҳаҳо марбут аст.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар ин давра дар мамлакат истеҳсол гардида қариб 60 фоизаш ба вилояти Суғд, зиёда аз 23 фоиз ба вилояти Хатлон, 9,2 фоиз ба шаҳри Душанбе, 8,8 фоиз ба шаҳру навоҳии тобеи марказ ва 0,4 фоиз ба Бадахшон рост меояд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 61 фоиз ба саноати коркард, беш аз 20 фоиз ба саноати истихроҷ, зиёда аз 17 фоиз ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 0,4 фоиз ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0