https://sputnik.tj/20230727/jarima-parvanda-mansabdoron-bekhatari-sanoat-tafsilot-1058472150.html
Ҷаримаву парвандаи мансабдорон барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат: тафсилот
Ҷаримаву парвандаи мансабдорон барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба оғози парвандаҳои ҷиноӣ шудааст
2023-07-27T12:11+0500
2023-07-27T12:11+0500
2023-07-27T12:11+0500
дар тоҷикистон
кор
кон
ҳалокат
мансабдорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/70/1029827008_0:359:3000:2047_1920x0_80_0_0_2cd82e8fd0f67f667a09615a8bb5fad1.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудиҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 5 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.Дар ин бора Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ нозирони Хадамот 902 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 117 санад-нишондод ва 7 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид."Дар давраи ҳисоботӣ 166 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 890204,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд", - афзуд раҳбари Хадамот. Ин ниҳод дар доираи ваколатҳо дар ин давра ба корхонаву ташкилот ва иншоотҳои бақайд гирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 83 иҷозатномаи намудҳои фаъолият, 56 адад шаҳодатнома барои хариди маводи тарканда, 30 адад шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда ва 84 адад иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ дода шудааст.Гуфта мешавад, ки дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 2827 корхона ва 12127 иншоотҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва иншоотҳои бақайдгирифташуда 117 назорати техникӣ гузаронида шудааст, ки аз инҳо 100 назорати нақшавӣ ва17 назорати ғайринақшавӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230727/holat-marg-korgaron-kon-tojikiston-ziyod-1058471652.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/70/1029827008_271:0:3000:2047_1920x0_80_0_0_1d1c22dccd47ae2153bbed4d136a9506.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаримав парванда мансабдорон бехатарӣ саноат тафсилот
ҷаримав парванда мансабдорон бехатарӣ саноат тафсилот
Ҷаримаву парвандаи мансабдорон барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат: тафсилот
Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба оғози парвандаҳои ҷиноӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудиҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 5 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.
Дар ин бора Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
"Инчунин нисбати 7 шахси ҳуқуқӣ, 27 шахси мансабдор ва 2 шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ 182240 сомониро ташкил медиҳад", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ нозирони Хадамот 902 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд.
Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 117 санад-нишондод ва 7 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.
"Дар давраи ҳисоботӣ 166 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 890204,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд", - афзуд раҳбари Хадамот.
Ин ниҳод дар доираи ваколатҳо дар ин давра ба корхонаву ташкилот ва иншоотҳои бақайд гирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 83 иҷозатномаи намудҳои фаъолият, 56 адад шаҳодатнома барои хариди маводи тарканда, 30 адад шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда ва 84 адад иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 2827 корхона ва 12127 иншоотҳо ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва иншоотҳои бақайдгирифташуда 117 назорати техникӣ гузаронида шудааст, ки аз инҳо 100 назорати нақшавӣ ва17 назорати ғайринақшавӣ мебошад.