Мақомот ҳоли маҷруҳони садамаи Кӯлобро шарҳ доданд

© Sputnik / Евгений Самарин / Гузариш ба медиабонкДар шуъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ
Дар шуъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Дар садамае, ки шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб вилояти Хатлон сурат гирифт 10 нафар ба ҳалокат расиду 13 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир панҷ нафари дар садамаи Кӯлоб ҷароҳатбардошта дар беморхона дар ҳолати сангин қарор доранд, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, ду нафар баъди расонидани кумаки аввалияти тиббӣ худди ҳамон рӯз аз беморхона рухсат дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.
Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садамаи мудҳиш дучор шуд. ДАр ин садама 23 нафар куштаву захиӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида ва 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Эмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои қурбониёни садама дар Кӯлоб
Аз 13 нафар ҷароҳатбардоштагон 2 нафараш баъди расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз беморхона рухсат дода шудаанд.
Чанде пеш Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шуд.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот феълан идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0