Болтон: Тавофуқ бо толибон* дар идораи Трамп иштибоҳи ногувор барои амнияти миллии ИМА буд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВизит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск
Визит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Сиёсатмадори амрикоӣ мегӯяд, тавофуқи Амрико дар идораи раисҷумҳури пешин бо гурӯҳи толибон як иштибоҳи ногувор барои амнияти миллии кишвар дар ҷаҳон буд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Мушовири пешини амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон мегуяд, ки тавофуқи Иёлоти Муттаҳида дар идораи Доналд Трамп бо гурӯҳи толибон як иштибоҳи фоҷеъабор барои амнияти миллии Амрико дар ҷаҳон буд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ому”.
Ӯ Доналд Трампро масъули берун шудани ногувор аз Афғонистон донист ва бар ин бовараст, ки идораи Ҷо Байден тавофуқи давлати пешини Амрикоро ба иҷро гузошт.
“Ӯ (Доналд Трамп) бо толибон* музокира кард, Байден сипас онро иҷро кард ки иштибоҳи фоҷеъаборе барои Амрико ва амнияти миллии мо дар ҷаҳон буд", - гуфт оқои Болтон.
Ҷумҳурихоҳони сиёсатгузориҳои Ҷо Байденро омили берун шудани ногувор аз Афғонистону шароити имрӯз ин медонанд.
Дар ин миён аммо бархе аз фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, пайомади сиёсатҳои Амрико дар кул, мардуми Афғонистонро мутаассири сохт ва ба коми буҳрони башарӣ ва нақси густардаи ҳуқуқи башар ба вижаи ҳуқуқи занон аз сӯйи толибон, барад.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Дар Афғонистон амалиёти зиддитеррористии Покистон баргузор мешавад
Мавлудаи тавоно, фаъоли ҳуқуқи зан муътақидаст: "агар мо таваққуъ дошта бошем бахотири тағйир дар рӯҳияи таъомулпазирии ҷаҳон ба вижаи Амрико бо толибон* шояд як хосту таваққуъи хандаи дор ва беҷо бошад.
Ба далели ин ки ду соли мо мутаваҷҷеҳ ҳастем, ки дунё ба хусуси Иёлоти Муттаҳида Амрико барои арзишҳои мардуми Афғонистон аслан таваҷҷуҳе надоранд.
Инҳо бештар дар таъомул бо толибону тақобул бо арзишҳои мардуми Афғонистон қарор доранд.
Наздик ба ду соли пас аз берун шудан неруҳои Амрикоӣ аз Афғонистон ، Иёлоти Муттаҳида аз сиёсати таъомул бо толибон пуштибонӣ кард.
Ҳарчанд гуфта, ки ба далели нақзи ҳуқуқи башар ба вижаи ҳуқуқи занони толибонро ба расмият намешиносад.
*-созмоне, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0