Дар Афғонистон амалиёти зиддитеррористии Покистон баргузор мешавад

© Sputnik Вооруженные боевики
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Покистон ният дорад як силсила тадбирҳоро барои решакан кардани терроризм дар Афғонистон анҷом диҳад, гуфт вазорати корҳои хориҷии ин кишвар
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Покистон қасд дорад дар Афғонистон амалиёти зиддитеррористӣ анҷом диҳад.
Дар ин бора Билавал Бҳутто Зардорӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар изҳор дошт.
"Мо омодаем ба Афғонистон кумак расонем ва барои ҳифзи худ тибқи қонунҳои байналмилалӣ амал хоҳем кард", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон метавонад аз ҷониби Покистон "дар сурати набудани иқдоми мақомоти Афғонистон алайҳи ифротгароён" сурат гирад.
Илова бар ин, Бҳутто Зардорӣ афзуд, чунин фаъолиятҳои нерӯҳои амниятии Покистон яке аз василаҳои мубориза бо терроризм маҳсуб мешавад, аммо аслан умда нест.
"Покистон умедвор аст, ки ҳукумати муваққати Афғонистон мубориза бо терроризмро идома медиҳад ва ба ваъдаи худ дар бораи ҷилавгирӣ аз истифода аз қаламрави Афғонистон ба ҳадафҳои террористӣ вафо мекунад", - гуфт дипломат.
Гуфта мешавад, изҳороти вазири хориҷаи кишвар дар пасманзари афзоиши шумори ҳамалоти террористӣ дар чанд моҳи ахир дар ин кишвар садо дод.
Люди собираются вокруг тел жертв взрыва бомбы возле больницы в Пешаваре, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Таркиши пурқурбонӣ дар ҷаласаи уламои Покистон
Ёдовар мешавем, ки охирин даркиши мудҳиш дар аз ҷониби бомбгузории маргталабона дар ноҳияи Баҷаур рӯзи 30 июл буд, ки 54 нафарро кушт.
Исломобод дар ин ҳамлаҳо ҷангиёни муқими афғон аз гурӯҳи мамнӯи "Таҳрики Толибони Покистон*"-ро айбдор мекунад.
Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи омӯзиши низоъ ва амнияти Покистон, дар ҳафт моҳи аввали соли 2023 дар ин кишвар 18 ҳамлаи маргталабона рух дода, беш аз 200 нафар кушта ва зиёда аз 450 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
* TTP, Таҳрики Толибони Покистон як созмони террористии радикалии исломист, ки дар Русияву Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0