Тоҷикистон дар рӯзи аввали Бозиҳои ИДМ 3 медал гирифт

© Игры стран СНГФакелы на спортивных соревнованиях
Факелы на спортивных соревнованиях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон дар ҷадвали кишварҳои соҳиби медал, ки пас аз рӯзи аввали мусобиқоти Бозиҳои II кишварҳои ИДМ таҳия шудаст, дар зинаи 8-ум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Варзишкорони тоҷикистонӣ дар рӯзи аввали Бозиҳои II кишварҳои ИДМ дар Белорус соҳиби 3 медал гардиданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз миёни намояндагони кишвар, аз ҷумла риштаи ҷудо Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55 кило медали нуқраро соҳиб шуд.
Бонуи ҷудокори дигари тоҷик, Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар куштии юнонӣ римӣ Асламҷон Азизов дар вазни то 60кг ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт.
Полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Нуриддин Давронов ба тими нав гузашт
Дар ҷамъбасти рӯзи аввал, дар ҷадвали медалдорҳо Тоҷикистон бо се медал дар зина 8 қарор гирифт. Сегонаи аввалро Русия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон соҳиб шудаанд.
Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ беш аз 2 ҳазор варзишгар аз 22 кишвар, аз ҷумла зиёда аз 100 варзишкори тоҷикистонӣ ширкат доранд.
Бозиҳои II кишварҳои ИДМ аз 3 то 15 август ҷараён дошта, ба иттилои созмондиҳандагон дар шаҳрҳои Минск, Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилев, Молодечно, Орша ва Солигорск сурат мегиранд.
Бозиҳои кишварҳои ИДМ исбот карданд, ки дар варзиш инзиво вуҷуд надорад, изҳор дошт муовини якуми дабири кулли ИДМ Леонид Анфимов ва таъкид намуд, ки кӯшишҳои бадхоҳон натиҷа нахоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0