Нуриддин Давронов ба тими нав гузашт

© ФФТПолузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов
Полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Обуна шудан
Футболбози шинохтаи тоҷик, ки собиқаи зиёди бозӣ дар тимҳои машҳури кишварҳои Осиёи ҷанубиро дорад, ба дастаи малайзиягӣ гузаштааст
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Бозигари 32-сола, Нуриддин Давронов корномаи варзишияшро дар "Кучингом"-и Малайзия идома медиҳад, хабар додааст sports.tj.
Ба иттилои манбаъ, Давронов бо тими мазкур барои шаш моҳ шартнома баста, таҳти рақами 6 бозӣ мекунад.
Қимати гузариши Давронов 200 ҳазор евро буда, дуввумин бозигари гаронарзиш дар даста ба шумор меравад.
Маврид ба зикр аст, ки ин футболбоз солиёни зиёд дар тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бозӣ карда, қаблан ба дастаи "Муҳаммедан" -и Ҳиндустон гузариш кард.
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Беҳрӯз Хоҷазода медали нуқраи "Hungary Masters - 2023" -ро гирифт
Футболбози тоҷик бо бошгоҳи "Муҳамммедан", ки дар дивизиони аввали чемпионати Ҳиндустон бозӣ мекунад, шартномаи яксола дошт.
Вай қаблан дар тимҳои Индонезия бозӣ мекард. Аз ҷумла дар дастаи "Борнео"-и индонезӣ бозӣ дошт, ки аввали соли 2020 ба он пайваста буд.
Нуриддин Давронов солҳои гуногун дар дастаҳои "Истиқлол" (Душанбе) "Слобода" (Сербия), "Дунав" (Булғория), "Мадура Юнайтед" (Индонезия) ва "Уммон" (Уммон) бозӣ кардааст.
Давронов дар ҳайати яккачини кишвар аз соли 2008 ҳунарманоӣ карда, дар ҳайати он даҳҳо бозиро ба ҳайси нимҳимоятгар анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0