Темур Раҳимов дар финали "Hungary Masters - 2023"

© Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Темур Рахимов, архивное фото
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи охири мусобиқаи ҷаҳонии "Hungary Masters - 2023" дар Маҷористон ду ҷудокори шинохтаи тоҷикистонӣ майдондорӣ карданд, ки якеаш то финал расид
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар рӯзи охири Hungary Masters - 2023 ҳарифонашро шикаст дода, ба финал баромад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқа барои ҷои аввал ва нишони тило Раҳимов бо паҳлавони финландӣ Марти Пуумалайнен зӯр меозмояд. Сабқати ин ду паҳлавони гаронвазн баъди ҳамаи зӯрозмоиҳои финалӣ соати 20:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Намояндаи дигари Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён баъд аз дар ин мусобиқа аз ҷудокори озарӣ Мурод Фатиев шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов дар "Hungary Masters - 2023" дар даври аввал озод буда, мусобиқаро аз даври дуюм оғоз намуд.
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Беҳрӯз Хоҷазода медали нуқраи "Hungary Masters - 2023" -ро гирифт
Дар даври дуюм паҳлавони тоҷик Ҷелле Сниппеи ҳоландиро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷайегу Юн аз Кореяи ҷанубӣ дастболо гардид.
Ҷудокори тоҷик дар дар даври нимниҳоӣ бо варзишкори пуртаҷрибаи ҷопонӣ Кокоро Кагуера вориди майдон шуда, бо имтиёзи иппон дар вақти тиллоӣ ғалаба карду ба финал баромад.
Паҳлавони ҷопонӣ, Татсуров Саито, ки дар бисёри ҳолатҳо Раҳимовро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ шикаст медод, дар сабқати нимниҳоӣ аз Марттии финландӣ шикаст хӯрд.
Маврид ба зикр аст, ки дар гузашта Темур Раҳимов бо Мартти Пуумалайнен қувваозмоӣ карда, дастболо мешуд, аммо натиҷаи зӯрозмоии ҷадид ба зудӣ маълум хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи Hungary Masters - 2023 рӯзҳои 4 - 6 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон давом дошта, бунёди ҷоизаи он наздики 200 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0