Беҳрӯз Хоҷазода медали нуқраи "Hungary Masters - 2023" -ро гирифт

© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик бо маҳорати баланд дар сабқати бонуфуз тавонист ба дастоварди бузург ноил гардад. Беҳрӯз медали нуқраро ба гардан овехт
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Беҳрӯз Хоҷазода дар "Hungary Masters - 2023" ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, соҳиби медали нуқра гардид.
Ҷудокори тоҷик дар даври якум озод буд ва дар марҳилаи дуввум ҷудокори итолиёвӣ Мануел Ломбардоро шикаст дод.
Дар марҳилаи сеюм ҳарифи паҳлавони тоҷик намояндаи кишвари мизбон - Маҷористон Даниэл Сзегедӣ буд.
Беҳрӯз тавонист ҷудокори кишвари мизбонро низ мағлуб карда ба даври чорякниҳоӣ даст ёбад.
Дар ин давр паҳлавони тоҷик қаҳрамонии феълии sаҳон дар вазни 73 кило намояндаи Швейтсария Нил Штампро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ гузашт. Дар даври ниманиҳоӣ ӯ ҷудокори гурҷӣ Терашвили Георгиро шикаст дод.
Беҳрӯз Хоҷазода ба финали "Hungary Masters - 2023" роҳ ёфт - видео
Дар даври ниҳоӣ бошад, Беҳрӯз Хоҷазода аз ҷудокори ҷопонӣ Соичи Ҳошимото шикаст хӯрд.
Бояд гуфт рӯзи аввали "Hungry Masters -2023" барои ду варзишкори тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов бенатиҷа анҷом ёфт.
Рӯзи аввали "Hungary Masters-2023" барои ҷудокорони тоҷик бенишон анҷом ёфт
Намояндагони дигари Тоҷикистон дар рӯзҳои баъдӣ вориди рақобат хоҳанд шуд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг бо паҳлавони нидерландӣ Ноэла Ван Т'Энда ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо ғолиби рақобати ҷудоркори озарӣ Ҷамол Гамзатханов ва паҳлавони нидерландӣ Йелле Снипп зӯр меозмояд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи Hungary Masters - 2023 рӯзҳои 6 - 8 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон давом хоҳад кард. Бунёди ҷоизаи мусобиқаи байналмилалии мазкур наздики 200 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0