Дар Хоруғ сахттару дар Душанбе суст: Шарҳи заминҷунбие, ки Тоҷикистонро такон дод

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПрирода Таджикистана, архивное фото
Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Обуна шудан
Маркази заминҷунбӣ дар масофаи наздик ба 300 километр Душанбе, дар қаламрави Афғонистон қарор доштааст, амммо сокинони пойтахт мегӯянд онро эҳсос карданд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соати 05:32-и субҳи 6 август заминларза ба қайд гирифтааст, ки манотиқи ҷумҳуриро такон дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба иттилои зилзилашиносон иттилоъ дод, ки маркази заминларза дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар қаламрави Афғонистон қарор дошт.
Фосила аз шаҳри Душанбе то маркази заминҷунбӣ 290 километрро ташкил додаст, аммо бо вуҷуди чунин дурӣ сокинони пойтахт мегӯянд, ларзиши заминро эҳсос намуданд.
Ба иттилои КҲФ, маркази заминҷунбӣ аз шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 километр дар тарафи ҷанубу ғарбӣ ва аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар масофаи 80 километр буд.
Сарезское озеро на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2023
Заминларза дар Тоҷикистон
КҲФ вазъи Сарезро пас аз заминларзаҳои ахир дар ВМКБ ошкор кард
Зилзилашиносони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқтидори заминларзаро дар маркази он 5 бал, дар Хоруғ 4 бал ва дар шаҳри Душанбе 3 бал ба қайд гирифтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи омӯзиши паёмадҳои заминларза изҳор доштаст, ки он дар қаламрави ҷумҳурӣ талафоти ҷонию молӣ нагузоштаст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон тобоварии биноҳои ҷумҳуриро ба заминларза дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, онро қаноатбахш арзёбӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0