Аз Суғд то Хатлону Сарез: Генерал Иброҳимзода аз имдодгарон хост, омода бошанд

© AFP 2023 / KADAM MASKAYEVСарезское озеро в горах Памира, архивное фото
Сарезское озеро в горах Памира, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Обуна шудан
Ноиби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз масъулини ин ниҳод дар навоҳӣ хост, навбатдории шабонарӯзиро роҳандозӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар навоҳии куҳии Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ то 7 апрел хатари сар задани селу болоравии сатҳи обҳо зиёд мебошад.
Ин нуктаро ноиби сардори КҲФ, генерал Имомалӣ Иброҳимзода аз тариқи як огоҳӣ ба масъулини ниҳодаш дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз Суғд то Хатлону ВМКБ ва раёсати масъалаҳои кӯли Сарезр расондаст.
"Вазифадор мешавед, қувва ва воситаҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ қарор дода, барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои табиӣ чораҳо андешед", - омадааст дар паём.
Иброҳимзода хостааст, дар минтақаҳои ниҳоят хавфнок бо тасдиқи раиси шаҳру навоҳӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шавад.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
КҲФ рӯзҳои ояндаро дар Тоҷикистон хатарнок хонд
Таъкид мешавад, ки ҳавои номусоиди хатарзо дар навоҳии Тоҷикистон то 7-уми апрели соли равон боқӣ мемонад.
"Боронҳо хатари эҳтимолии боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳоро дар пай доранд, ҳамчунин омадани селҳо, резиши сангу лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч аз хатарҳои дигари эҳтимолӣ мебошанд", - омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол бар асари боронгариҳо дар бархе аз шаҳру навоҳии ҷанубу шимоли Тоҷикистон ба хоҷагии халқ зиён расонда шуда, дар баробари заминҳои кораму инфрасохтор инчунин хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд.
Лентаи хабарҳо
0