https://sputnik.tj/20230804/nofahm-nazdikon-pul-nafaqagir-favtida-1058645101.html
Нофаҳмӣ шудаст: Наздикон нафақаи афроди фавтидаро гардондаанд
Нофаҳмӣ шудаст: Наздикон нафақаи афроди фавтидаро гардондаанд
Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон ҳолатҳои гирифтани пули нафақаи шахсони фавтидаро ошкор кардааст
2023-08-04T18:19+0500
2023-08-04T18:19+0500
2023-08-04T20:58+0500
дар тоҷикистон
паст
зиёд шуд
сомонӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101623/41/1016234131_0:85:1600:985_1920x0_80_0_0_a6d1afe660f13e802d15962155280aa5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар шашмоҳаи аввали соли равон 4 ҳолати гирифтани нафақаи фавтидагон аз ҷониби наздиконашон ошкор карда шудааст. Ин нуктаро раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон, Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Вай сабаби рух додани чунин ҳолатҳоро ба нофаҳмии наздикон рабт дода, илова намуд, ки пулҳои гирифта ҳама ба давлат баргардонда шудаанд. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ дар як моҳ ба 261 млн сомонӣ баробар аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 млн сомонӣ зиёд мебошад.Ба иттилои Давлатзода, ҳаҷми миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, аз 333 сомонии соли гузашта ба 375 сомонӣ дар ҷамъбасти нимсолаи гузашта расидааст. Пасттарин нафақа дар ҷумҳурӣ ҳудуди 150 сомонӣ арзёбӣ мегардад.Шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи июли соли равон 769 ҳазор нафар ҳисоб шудаст. Аз ин шумора ҳудуди 20% ё худ 159,5 ҳазор нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 0,1% кам мебошад.
https://sputnik.tj/20230804/maqomoti-khatlon-viloyat-muzdi-miyona-mehnat-1058625324.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101623/41/1016234131_88:0:1512:1068_1920x0_80_0_0_1e5a1eb40888b53bd74ba0f13a70fd52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафақа, фавтида, наздикон, тоҷикистон, шахсон
нафақа, фавтида, наздикон, тоҷикистон, шахсон
Нофаҳмӣ шудаст: Наздикон нафақаи афроди фавтидаро гардондаанд
18:19 04.08.2023 (Навсозишуда: 20:58 04.08.2023) Санҷишҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон ҳолатҳои гирифтани пули нафақаи шахсони фавтидаро ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар шашмоҳаи аввали соли равон 4 ҳолати гирифтани нафақаи фавтидагон аз ҷониби наздиконашон ошкор карда шудааст.
Ин нуктаро раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон, Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай сабаби рух додани чунин ҳолатҳоро ба нофаҳмии наздикон рабт дода, илова намуд, ки пулҳои гирифта ҳама ба давлат баргардонда шудаанд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ дар як моҳ ба 261 млн сомонӣ баробар аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои Давлатзода, ҳаҷми миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, аз 333 сомонии соли гузашта ба 375 сомонӣ дар ҷамъбасти нимсолаи гузашта расидааст. Пасттарин нафақа дар ҷумҳурӣ ҳудуди 150 сомонӣ арзёбӣ мегардад.
Шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи июли соли равон 769 ҳазор нафар ҳисоб шудаст.
Аз ин шумора ҳудуди 20% ё худ 159,5 ҳазор нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 0,1% кам мебошад.