Мулоқоти Раҳмон бо пешвои миллии халқи Туркманистон

© котиботи матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Туркманистон бо раҳбари парлумони кишвари мизбон - "Халқ Маслаҳатӣ" мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Таҳкими равобиту дӯстии Душанбею Ишқобод аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои миллии халқи Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов будаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари корӣ ба Ишқобод Эмомалӣ Раҳмон бо пешвои миллии халқи Туркманистон, раиси "Халқ Маслаҳатӣ"-и кишвари мизбон мулоқот намуд.
Тарафҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дӯстии Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ карда, ба таъмиқи шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои ду кишвар таваҷҷуҳи лозима зоҳир намуданд, омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла, зарурати тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ мавриди таъкид қарор гирифт, афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Раҳмон ба мулоқоти сегонаи президентҳо ба Ишқобод рафт
Ҷонибҳо дар баробари ин ҳамкориҳои 2 кишвар дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ, ба монанди СММ, ИДМ, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳо табодули назар анҷом ёфт.
"Дар ин зимн ҷиҳати идомаи ин раванд ва анъанаҳои неки дастгирии мутақобила аз ташаббусҳои байналмилалии ду кишвар омодагӣ изҳор гардид", - афзуд дафтари матбуоти президент.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови ҳудуди 15 сол раисиҷумҳури Туркманистон буда, моҳи марти соли гузашта курсии президентиро ба писараш Сардор Бердиҳмуҳаммадов супурд.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, Бердимуҳаммадови калонӣ ҳамзамон бо кори адабӣ машғул шуда, дар бораи таърихи туркманҳо, қолинҳо, аспҳои ахалтекӣ, ошпазӣ, мусиқӣ, чой, зарбулмасалҳо, сагҳои алабайӣ ва бисёр мавзӯъҳои дигар китобҳо навиштааст.
Лентаи хабарҳо
0