https://sputnik.tj/20230804/rahmon-muloqot-segonai-prezident-ishqobod-1058630191.html
Раҳмон ба мулоқоти сегонаи президентҳо ба Ишқобод рафт
Раҳмон ба мулоқоти сегонаи президентҳо ба Ишқобод рафт
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Ишқобод бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо дар назар аст
2023-08-04T10:17+0500
2023-08-04T10:17+0500
2023-08-04T10:19+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
таъйид
президент
туркманистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577308_0:25:3077:1756_1920x0_80_0_0_0766b91def2bc6696399c0a9a529efad.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ Туркманистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Манбаъ мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқободро иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон гуфтааст. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоиҷкистон, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон низ эълон дошт, ки роҳбари ин кишвар Шавкат Мирзиёев барои мулоқот бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон озими Ишқобод шудааст. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар таъйиди ин сафар изҳор дошта буд, ки дар доираи он аз ҷумла равобити дуҷонибаи Душанбе ва Ашқобод масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ об, муҳити зист ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд. Ҷониби Туркманистон низ мулоқоти формати сегонаро нав арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки он барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ такони ҷадид хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20230803/sana-safar-rahmon-ishqobod-malum-1058613737.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057577308_31:0:2760:2047_1920x0_80_0_0_5706a8fb99d5c2ebfec8cc68c841df7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, туркманистон, тоҷикистон, президент, ҳайат
эмомалӣ раҳмон, туркманистон, тоҷикистон, президент, ҳайат
Раҳмон ба мулоқоти сегонаи президентҳо ба Ишқобод рафт
10:17 04.08.2023 (Навсозишуда: 10:19 04.08.2023) Мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Ишқобод бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ Туркманистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Манбаъ мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқободро иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон гуфтааст.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоиҷкистон, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон низ эълон дошт, ки роҳбари ин кишвар Шавкат Мирзиёев барои мулоқот бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон озими Ишқобод шудааст.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар таъйиди ин сафар изҳор дошта буд, ки дар доираи он аз ҷумла равобити дуҷонибаи Душанбе ва Ашқобод масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ об, муҳити зист ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҷониби Туркманистон низ мулоқоти формати сегонаро нав арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки он барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ такони ҷадид хоҳад шуд.