https://sputnik.tj/20230804/darguzasht-sarmuharrir-televizion-ilhom-mahkamov-1058639339.html
Даргузашти сармуҳаррири телевизиони "Мир" Илҳом Маҳкамов
Даргузашти сармуҳаррири телевизиони "Мир" Илҳом Маҳкамов
Sputnik Тоҷикистон
Сармуҳаррири бахши миллии телевизиони “Мир”, ки 10 соли умрашро дар ин шабакаи телевизионӣ сипарӣ кард, ахиран дар синни 58-солагӣ аз олам чашм пӯшид
2023-08-04T15:46+0500
2023-08-04T15:46+0500
2023-08-04T15:46+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
телевизион
рӯзноманигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/16/1028441640_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_4ad94ba93e13116dce2f7d1038f6a2de.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сармуҳаррири бахши миллии телевизиони “Мир” дар Тоҷикистон Илҳом Маҳкамов даргузашт, иттилоъ додааст ин шабакаи телевихзионӣ.Оқои Маҳкамов, 10 сол пеш дар ин телевизион ба ҳайси продюсери телевизион ва радио ба кор шурӯъ кардааст. Чаҳор соли охир сармуҳаррир буд.Рӯзноманигор фаъолияти худро дар шабакаи давлатии "Телевизиони Тоҷикистон" оғоз кардааст.Ба забони русӣ ӯ таҳияи барномҳои мусиқӣ ва хабариро бар ӯҳда дошт.Ба гуфтаи дӯстону ҳамкорон Илҳом Маҳкамов ӯ як шахси дилсӯз, хушодоб ва хушмуомила буд.Вай дар филмбардорӣ ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар Русия ширкат кардааст. Камтар аз се ҳафта пеш, 16 июл Илҳом Маҳкамов 58-сола шуда буд.Ҳамкасбону рӯзноманигорон ба хонавода ва наздикони Илҳом Маҳкамов ҳамдардӣ баён карданд."Мир" — ширкати телевизионии байнидавлатии Русия, пахшаш бо забони русӣ аст. Дар соли 1992 бо розигии ходимони давлатии ИДМ бо мақсади хабар додани мушкилоти сиёсатӣ, иқтисодӣ ва дӯстии башарӣ миёни кишварҳо таъсис ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230607/navisanda-donishmand-tojik-zafar-mirzoyon-darguzasht-1057591488.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/16/1028441640_42:0:1109:800_1920x0_80_0_0_749a497d6e3c30693e5132c111c851c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мир, илҳом маҳкамов, шабакаи телевизионӣ, “мир”, даргузашт
тоҷикистон, мир, илҳом маҳкамов, шабакаи телевизионӣ, “мир”, даргузашт
Даргузашти сармуҳаррири телевизиони "Мир" Илҳом Маҳкамов
Сармуҳаррири бахши миллии телевизиони “Мир”, ки 10 соли умрашро дар ин шабакаи телевизионӣ сипарӣ кард, ахиран дар синни 58-солагӣ аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сармуҳаррири бахши миллии телевизиони “Мир” дар Тоҷикистон Илҳом Маҳкамов даргузашт, иттилоъ додааст ин шабакаи телевихзионӣ.
Оқои Маҳкамов, 10 сол пеш дар ин телевизион ба ҳайси продюсери телевизион ва радио ба кор шурӯъ кардааст. Чаҳор соли охир сармуҳаррир буд.
Рӯзноманигор фаъолияти худро дар шабакаи давлатии "Телевизиони Тоҷикистон" оғоз кардааст.
Ба забони русӣ ӯ таҳияи барномҳои мусиқӣ ва хабариро бар ӯҳда дошт.
Ба гуфтаи дӯстону ҳамкорон Илҳом Маҳкамов ӯ як шахси дилсӯз, хушодоб ва хушмуомила буд.
Вай дар филмбардорӣ ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар Русия ширкат кардааст. Камтар аз се ҳафта пеш, 16 июл Илҳом Маҳкамов 58-сола шуда буд.
Ҳамкасбону рӯзноманигорон ба хонавода ва наздикони Илҳом Маҳкамов ҳамдардӣ баён карданд.
"Мир" — ширкати телевизионии байнидавлатии Русия, пахшаш бо забони русӣ аст. Дар соли 1992 бо розигии ходимони давлатии ИДМ бо мақсади хабар додани мушкилоти сиёсатӣ, иқтисодӣ ва дӯстии башарӣ миёни кишварҳо таъсис ёфтааст.