Нависанда ва донишманди тоҷик Зафар Мирзоён даргузашт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-Байрама в регионах России
Празднование Курбан-Байрама в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Обуна шудан
Ҷанозаи нависанда ва донишманди маъруфи тоҷик дар зодгоҳаш ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Зафар Мирзоён, нависанда, донишманди маъруф ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шаби 6 ба 7 июн аз олам чашм пӯшид. марҳум 74 сол умр дошт.
Хабари марги ӯро шоирон ва аҳли зиёҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъйид карданд.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда, Мирзоён солҳо боз аз бемории меъдаю рӯда азият кашида, ҳамчунин чанд сол пеш дар Туркия сарашро ҷарроҳӣ карда буд. Бинобар ин маризиҳо қалби ӯ шаби 6 ба 7 июн аз тапидан монд.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Даргузашти Саттор Турсун, нависандаи шинохта ва аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон
Марҳум то дами марг мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Зафар Мирзоён кист

Зафар Мирзоён моҳи майи соли 1949 дар шаҳраки Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Ӯ якбора ду факулта: соли 1972 факултаи шарқшиносӣ ва соли 1994 факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло ДМТ хатм намудааст.
Мирзоён солҳои 2003 -2007 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб буд. Беш аз 10 сол дар шаҳри мазкур маҳфили "Шоҳномахонӣ"-ро сарварӣ намуд. Ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд" буданд.
Марҳум дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ ба интишор расонидааст.
Қарор аст, ҷанозаи донишманд Зафар Мирзоён 7 июн дар зодгоҳаш ноҳияи Ховалинг баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0