https://sputnik.tj/20230803/vmkb-zaminjunbi-qavi-takon-1058616924.html
ВМКБ - ро заминҷунбии қавӣ такон дод
ВМКБ - ро заминҷунбии қавӣ такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар минтақаи Роштқалъа заминларза навбатӣ сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафот хабар надодааст
2023-08-03T13:42+0500
2023-08-03T13:42+0500
2023-08-03T13:43+0500
дар тоҷикистон
заминларза
вмкб
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102440/20/1024402069_0:158:3501:2127_1920x0_80_0_0_c2fc1e1b188046c9e376481c20fc096a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақрибан соати соати 11:21 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ боз заминларза такон дод.Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки маркази заминҷунбӣ дар ноҳияи Шуғнон воқеъ будааст.Тавоноии заминларза дар марказ то 4 дараҷа арзёбӣ гардида, он дар ҳудуди ноҳияи Рошқалъа сурат гирифт.Сарчашмаи заминҷунбӣ дар умқи 188 километр ҷойгир будааст, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Ӯзбекистон. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ то ҳол дар бораи оқибатҳои ин ҳодиса хабар надодааст. Маврид ба зикр аст, ки ин минтақа як минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд - ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар марзи Афғонистон, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ.Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ барои арзёбии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифати технологии корҳои сохтмонӣ, маводу маснуот озмоишгоҳи махсус таъсис дода шуд. Дар баробари ин комиссия ба сифати иншоот аз руи ба зилзила тобоварӣ назорат мекунад. Дар ҷумҳурӣ ба ин ҷихат баъд аз заминларзаи харобиовар дар Туркия диккати махсус дода шуд.
https://sputnik.tj/20230802/kambudi-sokhtmoni-tojikiston-zaminjunbi-1058591545.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102440/20/1024402069_0:0:3105:2329_1920x0_80_0_0_f98eeb2f6bb580eafd5ad7f294058272.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб заминҷунбӣ қавӣ такон
вмкб заминҷунбӣ қавӣ такон
ВМКБ - ро заминҷунбии қавӣ такон дод
13:42 03.08.2023 (Навсозишуда: 13:43 03.08.2023) Дар минтақаи Роштқалъа заминларза навбатӣ сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафот хабар надодааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақрибан соати соати 11:21 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ боз заминларза такон дод.
Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки маркази заминҷунбӣ дар ноҳияи Шуғнон воқеъ будааст.
Тавоноии заминларза дар марказ то 4 дараҷа арзёбӣ гардида, он дар ҳудуди ноҳияи Рошқалъа сурат гирифт.
Сарчашмаи заминҷунбӣ дар умқи 188 километр ҷойгир будааст, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Ӯзбекистон.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ то ҳол дар бораи оқибатҳои ин ҳодиса хабар надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин минтақа як минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд - ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар марзи Афғонистон, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ барои арзёбии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифати технологии корҳои сохтмонӣ, маводу маснуот озмоишгоҳи махсус таъсис дода шуд.
Дар баробари ин комиссия ба сифати иншоот аз руи ба зилзила тобоварӣ назорат мекунад.
Дар ҷумҳурӣ ба ин ҷихат баъд аз заминларзаи харобиовар дар Туркия диккати махсус дода шуд.