https://sputnik.tj/20230803/tojikmatlubot-guft-dar-bozorhoi-tojikiston-chi-qadar-sohibkor-faoliyat-dorand-1058616057.html
Тоҷикматлубот гуфт, дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ қадар соҳибкор фаъолият доранд
Тоҷикматлубот гуфт, дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ қадар соҳибкор фаъолият доранд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ахиран эълон карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумори бозорҳои соҳа 63 ададро ташкил додааст
2023-08-03T14:09+0500
2023-08-03T14:09+0500
2023-08-03T14:09+0500
дар тоҷикистон
"тоҷикматлубот"
соҳибкор
тоҷир
фаъолият
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/07/1029070755_0:140:3001:1828_1920x0_80_0_0_f569b3750e016750ecf2eac78a1d5c92.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Тавре масъулини Тоҷикматлубот зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки шумори бозорҳои соҳа 63 адад буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо каме бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад.Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.Бояд гуфт, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор корхона барҳам хӯрда ва 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қаблан дар нишасти матбуотии гуфт аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.
https://sputnik.tj/20230623/oghozi-forumi-baynalmillalii-sugd-ekspo-khujand-sohibkor-1057870460.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/07/1029070755_85:0:2756:2003_1920x0_80_0_0_61324e127a94e562bb23f28685765c1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷикматлубот, тоҷир, соҳибкор, бозор, фаъолият
тоҷикистон, тоҷикматлубот, тоҷир, соҳибкор, бозор, фаъолият
Тоҷикматлубот гуфт, дар бозорҳои Тоҷикистон чӣ қадар соҳибкор фаъолият доранд
Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ахиран эълон карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумори бозорҳои соҳа 63 ададро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Тавре масъулини Тоҷикматлубот зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки шумори бозорҳои соҳа 63 адад буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо каме бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор корхона барҳам хӯрда ва 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қаблан дар нишасти матбуотии гуфт аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.
Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.
Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.