https://sputnik.tj/20230623/oghozi-forumi-baynalmillalii-sugd-ekspo-khujand-sohibkor-1057870460.html
Оғози 9-умин Форуми байналмиллалии Суғд "Экспо – 2023" дар Хуҷанд бо ҳузури 500 соҳибкор
Оғози 9-умин Форуми байналмиллалии Суғд "Экспо – 2023" дар Хуҷанд бо ҳузури 500 соҳибкор
Sputnik Тоҷикистон
Барои иштирок дар ин ҳамоиш ҳудуди 500 нафар соҳибкорон, созмонҳои тиҷоратӣ ва палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷ ба шаҳри Хуҷанд ташриф овардаанд
2023-06-23T12:25+0500
2023-06-23T12:25+0500
2023-06-23T13:28+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
форум
байналмилалӣ
русия
ҳамкорӣ
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057870252_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0436baa3ff99d794f247c69d42f4eda1.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 9-умин Форуми байналмиллалии "Суғд Экспо – 2023" оғоз шуд.Тавре сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар ин ҳамоиш Раиси вилояти Суғд, роҳбарони идораҳои сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва масъулони вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ дар толори ба номи Камоли Хуҷандӣ иштирок доранд.Бар пояи иттилоъи манбаъ, дар ин ҳамоиш ҳокимони вилоятҳои Ӯзбекистон, сафирони Ӯзбекистон, Беларус, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон Арабистони Саудӣ, ширкат варзида истодаанд.Ба иттилои манбаъ, Русияро дар ин форум як ҳайати бузург намояндагӣ дорад.Аз ҷумла, дар форуми мазкур ҳайати Русияро раиси Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Русия, Намояндаи тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон, Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Маскав, Президенти Иттифоқи "Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск", Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Красноярск, муаррифӣ доранд.Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур намояндаи доимии Фонди Оғо Хон дар умури рушд дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози намояндагии ТИКА дар ҷумҳурӣ, намояндаи Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид дар кишвар, соҳибкорону тоҷирони дохилу хориҷ, дар маҷмӯъ 500 нафар меҳмонон ташриф овардаанд.Қарор аст соати 14-и баъд аз зӯҳр дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи байналмиллалии савдо "Суғд – 2023" оғоз шавад.Инчунин дар доираи ин ҳамоиш, соати 15 мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Русия дар бинои меҳмонхонаи байналмиллалии “Суғдиён” дар назар дошта шудааст.
https://sputnik.tj/20230623/yarmarka-sugd-shirkat-korkhona-khatlon-ishtirok-1057863881.html
суғд
хуҷанд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057870252_330:0:3061:2048_1920x0_80_0_0_cdcefb01f2d7ac9706f51df3bab24ac3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, форум, байналмилалӣ, экспо, соҳибкорон
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, форум, байналмилалӣ, экспо, соҳибкорон
Оғози 9-умин Форуми байналмиллалии Суғд "Экспо – 2023" дар Хуҷанд бо ҳузури 500 соҳибкор
12:25 23.06.2023 (Навсозишуда: 13:28 23.06.2023) Барои иштирок дар ин ҳамоиш ҳудуди 500 нафар соҳибкорон, созмонҳои тиҷоратӣ ва палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷ ба шаҳри Хуҷанд ташриф овардаанд
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 9-умин Форуми байналмиллалии "Суғд Экспо – 2023" оғоз шуд.
Тавре сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар ин ҳамоиш Раиси вилояти Суғд, роҳбарони идораҳои сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва масъулони вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ дар толори ба номи Камоли Хуҷандӣ иштирок доранд.
Бар пояи иттилоъи манбаъ, дар ин ҳамоиш ҳокимони вилоятҳои Ӯзбекистон, сафирони Ӯзбекистон, Беларус, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон Арабистони Саудӣ, ширкат варзида истодаанд.
Ба иттилои манбаъ, Русияро дар ин форум як ҳайати бузург намояндагӣ дорад.
Аз ҷумла, дар форуми мазкур ҳайати Русияро раиси Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Русия, Намояндаи тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон, Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Маскав, Президенти Иттифоқи "Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск", Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Красноярск, муаррифӣ доранд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур намояндаи доимии Фонди Оғо Хон дар умури рушд дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози намояндагии ТИКА дар ҷумҳурӣ, намояндаи Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид дар кишвар, соҳибкорону тоҷирони дохилу хориҷ, дар маҷмӯъ 500 нафар меҳмонон ташриф овардаанд.
Қарор аст соати 14-и баъд аз зӯҳр дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи байналмиллалии савдо "Суғд – 2023" оғоз шавад.
Инчунин дар доираи ин ҳамоиш, соати 15 мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Русия дар бинои меҳмонхонаи байналмиллалии “Суғдиён” дар назар дошта шудааст.