https://sputnik.tj/20230803/sohibkoroni-afghonistonu-qazoqiston-sozishnoma-imzo-1058617653.html
Соҳибкорони Афғонистону Қазоқистон ба 106 млн доллар созишнома имзо хоҳанд кард
Соҳибкорони Афғонистону Қазоқистон ба 106 млн доллар созишнома имзо хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қазоқистон хабар додааст, ки соҳибкорони қазоқ ва афғон ният доранд, ба маблағи 105,8 миллион доллар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд
2023-08-03T14:37+0500
2023-08-03T14:37+0500
2023-08-03T14:37+0500
афғонистон
толибон
ҳамкорӣ
созишнома
имзо
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/03/1058612430_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_adab2892d54258353ea91d0ec67eb753.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар ҷамъбасти форуми тиҷории Қазоқистону Афғонистон қарор аст, соҳибкорони ду кишвар ба 105,8 млн доллар шартнома ҳамкорӣ ба имзо расонанд.Дар ин бора муовини вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Қайрат Торебаев хабар додааст."Мо пешакӣ дар бораи қарордодҳо ба маблағи 105,8 млн доллар ба тавофуқ расидем. Ин дар чаҳорчӯби форум, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ", - гуфт Торебаев дар Остона дар ҳошияи форуми тиҷоратии Қазоқистону Афғонистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон.Вай ёдовар шуд, ки беш аз 200 вакил аз Афғонистон ба форуми соҳибкорон вориди пойтахти Қазоқистон шуданд."Дирӯз мо ба мувофиқа расидем, ки байни ниҳодҳои ду кишвар: Вазорати тиҷорат ва Вазорати савдо дар бораи пешбурди тиҷорат, нақлиёт, транзит ёддошти тафоҳум ба имзо расонем. Дар бораи ширкати минбаъдаи Қазоқистон дар лоиҳаҳо дар Афғонистон созишномаҳои хеле хуб мавҷуданд", - афзуд муовини вазир.Ёдовар мешавем, ахиран 200 соҳибкору мансабдорони ҳукумати феълии афғонистон вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Мақсад аз боздид, иштирок дар форуми тиҷоратии Афғонистону Қазоқистон ва дидору мулоқотҳои дуҷониӣба будааст.Табодули коло миёни Қазоқистон ва Афғонистон дар соли гузашта 987,9 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ (474,3 миллион доллар) 2,1 маротиба бештар аст.Мубодилаи мол миёни кишварҳо дар 5 моҳи соли равон 316,6 миллион долларро ташкил дод, ки 310 млн доллар содироти Қазоқистон аст.Қазоқистон дорои иқтидори содиротии маҳсулот ба Афғонистон ба маблағи беш аз 500 миллион доллар дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, нафту кимиё, кимиё, металлургӣ, мошинсозӣ ва сабук мебошад.
https://sputnik.tj/20230803/hayati-nafarii-hukumati-tolibho-ostona-1058615070.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/03/1058612430_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_e9f2e2d8411da12d332ce139a51df1d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, афғонистон, соҳибкорон, созишнома, шартнома, ҳамкорӣ, имзо
қазоқистон, афғонистон, соҳибкорон, созишнома, шартнома, ҳамкорӣ, имзо
Соҳибкорони Афғонистону Қазоқистон ба 106 млн доллар созишнома имзо хоҳанд кард
Мақомоти Қазоқистон хабар додааст, ки соҳибкорони қазоқ ва афғон ният доранд, ба маблағи 105,8 миллион доллар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар ҷамъбасти форуми тиҷории Қазоқистону Афғонистон қарор аст, соҳибкорони ду кишвар ба 105,8 млн доллар шартнома ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Дар ин бора муовини вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Қайрат Торебаев хабар додааст.
"Мо пешакӣ дар бораи қарордодҳо ба маблағи 105,8 млн доллар ба тавофуқ расидем. Ин дар чаҳорчӯби форум, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ", - гуфт Торебаев дар Остона дар ҳошияи форуми тиҷоратии Қазоқистону Афғонистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон.
Вай ёдовар шуд, ки беш аз 200 вакил аз Афғонистон ба форуми соҳибкорон вориди пойтахти Қазоқистон шуданд.
"Дирӯз мо ба мувофиқа расидем, ки байни ниҳодҳои ду кишвар: Вазорати тиҷорат ва Вазорати савдо дар бораи пешбурди тиҷорат, нақлиёт, транзит ёддошти тафоҳум ба имзо расонем. Дар бораи ширкати минбаъдаи Қазоқистон дар лоиҳаҳо дар Афғонистон созишномаҳои хеле хуб мавҷуданд", - афзуд муовини вазир.
Ёдовар мешавем, ахиран 200 соҳибкору мансабдорони ҳукумати феълии афғонистон вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Мақсад аз боздид, иштирок дар форуми тиҷоратии Афғонистону Қазоқистон ва дидору мулоқотҳои дуҷониӣба будааст.
Табодули коло миёни Қазоқистон ва Афғонистон дар соли гузашта 987,9 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ (474,3 миллион доллар) 2,1 маротиба бештар аст.
Мубодилаи мол миёни кишварҳо дар 5 моҳи соли равон 316,6 миллион долларро ташкил дод, ки 310 млн доллар содироти Қазоқистон аст.
Қазоқистон дорои иқтидори содиротии маҳсулот ба Афғонистон ба маблағи беш аз 500 миллион доллар дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, нафту кимиё, кимиё, металлургӣ, мошинсозӣ ва сабук мебошад.