Ҳайати 200 нафарии ҳукумати толибҳо вориди Остона шуданд: Мақсад чист?

© Министерство торговли и интеграции Казахстана Делегақия Афганистана в астане
Делегақия Афганистана в астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти Қазоқистон эълон кардааст, ки ният дорад додугирифташро бо кишвари Афғонистонро то ба 3 миллиард доллар расонад
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Муовини нахуствазир – вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Серик Ҷумангарин зимни дидор дар Остона бо ҳайати ҳукумати толибҳо бо роҳбарии вазири савдо ва саноати Афғонистон Нуриддин Азизӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷориро баррастӣ кард,
Тавре Серик Ҷумангарин дар ин мулоқот қайд кардааст, дар ҷараёни сафари ахираш ба Кобул, ки моҳи апрел сурат гирифт ҷонибҳо дар назди худ вазифа гузошта буданд, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳоро аз 1 то 3 млрд доллар афзоиш диҳанд.
"Дар пайи сафари охирини ширкатҳои Қазоқистон ба Кобул, интиқоли аввалини нӯшокиҳои энергетикӣ, маҳсулоти ордӣ, нуриҳои минералии мо сурат гирифт, таваҷҷӯҳ ба равғани офтобпараст вуҷуд дорад. Дар воридот аз Афғонистон дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ низ пайдо шуд. Мо барои фаъолият кардан замина дорем, — гуфт оқои Жумангарин.
Барои фаъол гардонидани ҳамкориҳо ҷониби Афғонистонро даъват кардем ва аз имконоти Утоқи савдои Қазоқистон дар Ҳирот истифода карда, дафтари тиҷоратии худро дар Қазоқистон боз кунад.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Дар Афғонистон амалиёти зиддитеррористии Покистон баргузор мешавад
Иштирокчиёни вохӯрӣ имконоти рушди роҳҳои мавҷудаи савдо ва эҷоди роҳҳои алтернативии интиқоли мол тавассути Афғонистонро низ баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, Қазоқистон иштироки ширкатҳояшро дар дигар тарҳҳои иқтисодӣ, бахусус дар бахшҳои нақлиёт, истихроҷи маъдан, иртиботот ва кишоварзӣ дар Афғонистон баррасӣ мекунад.
Аз ҷумла, пас аз сафари ҳайати Қазоқистон ба Кобул дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҶСК "Казақтелеком" бо ҷониби Афғонистон дар бораи интиқоли интернети оптикӣ ба Афғонистон ба таври тиҷоратӣ шартнома баст.
Қазоқистон ва Афғонистон дар соҳаи маориф низ ҳамкорӣ доранд. Имрӯз дар КазМУ ба номи Ал-Форобӣ 130 донишҷӯи афғон таҳсил дорад.
Серик Ҷумангарин пешниҳод кард, ки дар сурати таваҷҷуҳ теъдоди донишҷӯёни афғон, ки дар Қазоқистон таҳсил мекунанд, афзоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати бузурги Афғонистон иборат аз 200 нафар ба Қазоқистон сафар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0