Қазоқистон қасд дорад ҳаҷми интиқоли орд ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад

© Sputnik / Амир ИсаевМешки с мукой
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Обуна шудан
Тарофаҳои баланди ҳамлу нақли коло аз тариқи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва Афғонистон Қазоқистонро водор мекунад, то роҳҳои нави транзитиро барои интиқол ёбад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Мақомоти Қазоқистон қасд доранд, интиқоли орд ба Тоҷикистон ва Афғонистонро афзоиш диҳанд.
Дар ин бора вазири савдои ин кишвар Серик Ҷумангарин хабар додааст.
"Муҳим аст, ки захираи анъанавии орди қазоқро нигоҳ доштан ва зиёд кунем", - изҳор дошт ӯ.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, амалан "ҳамаи интиқолҳо аз қаламрави Ӯзбекистон мегузарад".
Аммо вазир иддао дорад, ки барои ҳамлу нақли коло боҷи баланд муқаррар шудааст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ зиёновар мешавад.
Дар робита ба ин, "Қазоқистон корҳоро оид ба тавсеаи имконоти ҳамлу нақли транзитӣ барои афзоиши содироти худ ва пур кардани бозор бо ҳаҷми кофии мол оғоз кардааст".
Бизнесмены Казахстана и Афганистана укрепляют сотрудничество - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Соҳибкорони Афғонистону Қазоқистон ба 106 млн доллар созишнома имзо хоҳанд кард
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 5 август дар Остона ҳамоиши тиҷорӣ дар якҷоягӣ бо Кобул баргузор мегардад.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 вакилони Афғонистон ширкат доранд.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш намоишгоҳи колои Афғонистон низ баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0