https://sputnik.tj/20230803/obkhezi-afzoish-nurho-ultrabunafsh-peshgui-noustuvor-tojikiston-1058622668.html
Аз обхезӣ то афзоиши нурҳои ултрабунафш: пешгӯии ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон
Аз обхезӣ то афзоиши нурҳои ултрабунафш: пешгӯии ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки дар ояндаи наздик дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон омадани сели маҳаллӣ ва пиряхӣ рух медиҳад
2023-08-03T18:38+0500
2023-08-03T18:38+0500
2023-08-03T20:19+0500
дар тоҷикистон
кҳф
огоҳӣ аз хатар
пешгӯӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058544616_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_52bc50f615ff4e27f7a0b2dc527ddd40.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар қаламрави бархе аз манотиқи Тоҷикистон вазъи ноустувори обу ҳаво пешгӯӣ мешавад Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод. Сухан дар бора навоҳии Кӯҳистони Бадахшон, инчунин - вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ меравад. Дар ин манотиқ , ба гузориши КҲФ, 4 август обуҳавошиносон бинобар гармои зиёд обхезиро пешгуӣ мекунанд. Ҳамчунин, то 6 август, аз ҷумла, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин - дар шаҳри Душанбе ҳавои ноустувор хоҳад шуд.Ба назхар чунин мерасад, ки ин минтақаҳоро чангу ғубор аз бандаш раҳо карданӣ нест.Ҳамин тариқ, дар ин ҷо боз тӯфони чангу ғубор ба амал омада, он аз ҷанубу ғарб ба мамлакат даромада, дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои муаллақ зиёд мешавад. Зарраҳои чанг ба андозаи аз 10 мкм (Rm-10) то 2,5 мкм (Rm-2,5) мерасад. Обуҳавошиносон, ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки рӯзи 4 август шароити обу ҳаво дар ҷумҳурӣ метавонад боиси афзоиши мизони нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтоб) дар қабатҳои болоии атмосфера шавад. Гуфта мешавад, аз соати 12-00 то 15-00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баланд хоҳанд расид, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад. Ба сокинони шаҳрҳои Душанбе, ВМКБ ва Хатлон тавсия дода мешавад, ки дар ин соатҳо бояд эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20230802/khf-selho-kharobiovar-mintaqa-tojikiston-guzorish-1058597474.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058544616_102:0:1241:854_1920x0_80_0_0_8fe9bdaea6cf59a007c3d4320cbb9141.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
обхезӣ афзои нурҳо ултрабунафш пешгӯӣ ҳаво ноустувор тоҷикистон
обхезӣ афзои нурҳо ултрабунафш пешгӯӣ ҳаво ноустувор тоҷикистон
Аз обхезӣ то афзоиши нурҳои ултрабунафш: пешгӯии ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон
18:38 03.08.2023 (Навсозишуда: 20:19 03.08.2023) КҲФ ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои наздик дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон эҳтимоли омадани сели маҳаллӣ ва пиряхӣ ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар қаламрави бархе аз манотиқи Тоҷикистон вазъи ноустувори обу ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
Сухан дар бора навоҳии Кӯҳистони Бадахшон, инчунин - вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ меравад.
Дар ин манотиқ , ба гузориши КҲФ, 4 август обуҳавошиносон бинобар гармои зиёд обхезиро пешгуӣ мекунанд.
Ҳамчунин, то 6 август, аз ҷумла, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин - дар шаҳри Душанбе ҳавои ноустувор хоҳад шуд.
Ба назхар чунин мерасад, ки ин минтақаҳоро чангу ғубор аз бандаш раҳо карданӣ нест.
Ҳамин тариқ, дар ин ҷо боз тӯфони чангу ғубор ба амал омада, он аз ҷанубу ғарб ба мамлакат даромада, дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои муаллақ зиёд мешавад.
Зарраҳои чанг ба андозаи аз 10 мкм (Rm-10) то 2,5 мкм (Rm-2,5) мерасад.
Обуҳавошиносон, ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки рӯзи 4 август шароити обу ҳаво дар ҷумҳурӣ метавонад боиси афзоиши мизони нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтоб) дар қабатҳои болоии атмосфера шавад.
Гуфта мешавад, аз соати 12-00 то 15-00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баланд хоҳанд расид, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад.
Ба сокинони шаҳрҳои Душанбе, ВМКБ ва Хатлон тавсия дода мешавад, ки дар ин соатҳо бояд эҳтиёткор бошанд.