https://sputnik.tj/20230802/shahrvand-khorichi-khatlon-qavononi-muhojiratiro-naqz-1058585420.html
42 шаҳрванди хориҷӣ дар Хатлон қавонини муҳоҷиратиро нақз карданд
42 шаҳрванди хориҷӣ дар Хатлон қавонини муҳоҷиратиро нақз карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки қавонини муҳоҷиратиро нақз кардаанд парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд
2023-08-02T09:28+0500
2023-08-02T09:28+0500
2023-08-02T09:32+0500
дар тоҷикистон
хатлон
ҷарима
шаҳрвандон
хориҷӣ
шаҳрвандони хориҷӣ
қавонин
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117682_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_be391fc95cc34e393e473783e72bc49a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Раҳбари Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод 42 ҳолати ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ошкор намуда, нисбати 42 шаҳрванди хоричӣ парвандаҳои ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Ба иттилои вай, ин ҳолатҳои ҳуқуквайронкунии маъмурӣ дар натичаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст.Ба иттилои Азизода Баҳодур, ин 42 шаҳрванди хориҷӣ ба маблағи беш аз 59 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд ва ба буҷаи давлат ворид карда шуд.Манбаъ таъкид кардааст, ки маблағи ҷарима нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 50 ҳазор сомонӣ, ё 37 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ зиёд мебошад.Ҳамзамон вай илова кардааст, ки дар ин ширкатҳо 5700 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 233 муҳоҷири меҳнатие, ки вурудашон ба дигар кишвар мамнуъ мебошад, бо кор таъмин гардидаанд.Азизода Баҳодур, гуфт, дар мачмуъ дар ин даври ба 81 шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору фаъолият мекунанд, иҷозатнома барои кор аз тарафи Раёсат дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 нафар зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230728/khatlon-kambudi-shadidi-maktabho-guftand-1058489570.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117682_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab27af69e0d2c4064b6dddaa2c4f4d13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, қавонин, муҳоҷират, ҷарима, ҳуқуқвайронкунӣ, парванда, маъмурӣ
тоҷикистон, хатлон, қавонин, муҳоҷират, ҷарима, ҳуқуқвайронкунӣ, парванда, маъмурӣ
42 шаҳрванди хориҷӣ дар Хатлон қавонини муҳоҷиратиро нақз карданд
09:28 02.08.2023 (Навсозишуда: 09:32 02.08.2023) Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки қавонини муҳоҷиратиро нақз кардаанд парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Раҳбари Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод 42 ҳолати ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ошкор намуда, нисбати 42 шаҳрванди хоричӣ парвандаҳои ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои вай, ин ҳолатҳои ҳуқуквайронкунии маъмурӣ дар натичаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Азизода Баҳодур, ин 42 шаҳрванди хориҷӣ ба маблағи беш аз 59 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд ва ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки маблағи ҷарима нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 50 ҳазор сомонӣ, ё 37 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ зиёд мебошад.
“Дар ҳудуди вилояти Хатлон 35 субъекти хоҷагидории дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хоричӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 633 шаҳрванди хориҷӣ фаъолият мекунанд”, – афзуд ӯ.
Ҳамзамон вай илова кардааст, ки дар ин ширкатҳо 5700 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 233 муҳоҷири меҳнатие, ки вурудашон ба дигар кишвар мамнуъ мебошад, бо кор таъмин гардидаанд.
Азизода Баҳодур, гуфт, дар мачмуъ дар ин даври ба 81 шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору фаъолият мекунанд, иҷозатнома барои кор аз тарафи Раёсат дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 нафар зиёд мебошад.