Кадомаш ширинтар: Чӣ тавр тарбузро бояд интихоб кард?

Обуна шудан
Агар мехоҳед аз бозору мағоза тарбузи ширинро интихоб кунед, пас аз тасвирбаёни мо истифода бубаред
Таърихи пайдоиши тарбуз аз Мисри қадим маншаъ мегирад. Дар Русия бошад ба кишт ва истеъмоли он мобайнҳои асри 17 шурӯъ намуданд. Гуфта мешавад 80-90 фисади тарбузро об ташкил диҳад ҳам, вале аз манфиат холи набудани онро коҳиш намедиҳад. Тарбузро ба ҷузъ аз шикастани ташнагии хеш, инчунин ба сифати муолиҷавӣ низ истифода мебаранд.
Пизишкон истеъмоли тарбузро ба нафароне,ки аз маризии гурда ранҷ мебаранд зиёд тавсия медиҳанд.
Дар Тоҷикистон низ кишту кори тарбуз дар авҷи аъло аст.
Кишоварзон аз навоҳӣ дар Душанбе маҳсулоташонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд
Дар фасли гармои тобистон бозори фурӯши тарбуз дар ҷӯш аст. Сокинон худро аз офтоби тафсон дар ягон сояе дарахте гуё пинҳон намуда, ташнагияшонро бо тарбузи дар об пешаки хунук шуда, мешикананд.
Аксар мардум дар интихоби тарбузи пухта ва ширин мушкилӣ мекашанд. Тасвирбаёни мо, бо ирои чанд машварати муфид баҳри интихоби дурусти тарбуз, ба мушкили харидорон расидагӣ мекунад.
Кишоварзони се ноҳия ба Душанбе арзонӣ оварданд
Дар интихоби тарбуз бояд бештар ба ҳаҷму андоза, ранг ва маконе, ки тарбуз дар он ҷо фурӯхта мешавад, аҳамият дод. Тарбузе, ки нуқс дорад ва ё резашуда бошад, асло харидорӣ накунед.
Пеш аз истеъмоли тарбуз онро танҳо баъди тоза шустану пок намудан нӯши ҷон кунед.
Лентаи хабарҳо
0