https://sputnik.tj/20230723/kishovarzon-dushanbe-mahsulot-furush-1058408651.html
Кишоварзон аз навоҳӣ дар Душанбе маҳсулоташонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд
Кишоварзон аз навоҳӣ дар Душанбе маҳсулоташонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе кишоварзони бархе аз навоҳии Тоҷикистон маҳсулоташонро намоиш дода, бо нархи то 30% арзонтар аз бозорҳои пойтахт мефурӯшанд
2023-07-23T11:12+0500
2023-07-23T11:12+0500
2023-07-23T11:13+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
намоиш
фурӯш
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041320326_0:72:2048:1224_1920x0_80_0_0_a8e231c52b2b3d0db14473b82b36c944.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Кишоварзону ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ маҳсули дасташон ва ҳамчунин барномаҳои фарҳангиву фароғатияшонро дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди тамошобинон мекунанд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, ки намоиши маҳсулот ва барномаи фарҳангии ноҳияи Файзобод дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Хайём" сурат мегирад. Намоиши ноҳияи Восеъ дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ то нисфи рӯзи 23 июл ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар гардидааст, тавзеҳ додаст манбаъ.Масъулин мегӯянд, дар намоиш-фурӯш ноҳияҳои мазкур маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, себ, нок, шафтолу, зардолу, меваи хушк, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ ва дигар маҳсулоти озуқавориро пешниҳод мекунанд. Нархҳои пешниҳодшуда дар намоишгоҳ то 30% арзонтар аз нархи бозорҳои Душанбе арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки 1 кг картошка аз 4 то 4,50 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гушти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, тарбуз 10-12 сомонӣ, равғани растанӣ (5 литр) — 65 сомонӣ, 50 кг орд — 210 сомонӣ нархугзорӣ шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки то ҳол бархе аз навоҳии дигари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоишашонро дар пойтахт баргузор карда буданд. Чунин чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе то 3 сентябр дар назар аст.
https://sputnik.tj/20230720/narkh-kartoshka-tojikiston-baland-sharhi-1058363372.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041320326_180:0:1997:1363_1920x0_80_0_0_4e146fc2149f1726ef7517d7de9550c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, маҳсулот, намоишгоҳ, душанбе, фурӯш
нарх, маҳсулот, намоишгоҳ, душанбе, фурӯш
Кишоварзон аз навоҳӣ дар Душанбе маҳсулоташонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд
11:12 23.07.2023 (Навсозишуда: 11:13 23.07.2023) Дар шаҳри Душанбе кишоварзони бархе аз навоҳии Тоҷикистон маҳсулоташонро намоиш дода, бо нархи то 30% арзонтар аз бозорҳои пойтахт мефурӯшанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Кишоварзону ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ маҳсули дасташон ва ҳамчунин барномаҳои фарҳангиву фароғатияшонро дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди тамошобинон мекунанд.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, ки намоиши маҳсулот ва барномаи фарҳангии ноҳияи Файзобод дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Хайём" сурат мегирад.
Намоиши ноҳияи Восеъ дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе баргузор мекунад.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ то нисфи рӯзи 23 июл ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар гардидааст, тавзеҳ додаст манбаъ.
Масъулин мегӯянд, дар намоиш-фурӯш ноҳияҳои мазкур маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, себ, нок, шафтолу, зардолу, меваи хушк, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ ва дигар маҳсулоти озуқавориро пешниҳод мекунанд.
Нархҳои пешниҳодшуда дар намоишгоҳ то 30% арзонтар аз нархи бозорҳои Душанбе арзёбӣ мегардад.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки 1 кг картошка аз 4 то 4,50 сомонӣ, пиёз аз 1,80 то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, дигар намуди сабзавот аз 3 то 5 сомонӣ, гушти гов — 55 сомонӣ, 30 дона тухм — 27 сомонӣ, мевагӣ аз 2 то 5 сомонӣ, тарбуз 10-12 сомонӣ, равғани растанӣ (5 литр) — 65 сомонӣ, 50 кг орд — 210 сомонӣ нархугзорӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол бархе аз навоҳии дигари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоишашонро дар пойтахт баргузор карда буданд. Чунин чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе то 3 сентябр дар назар аст.