Талоши Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба бозори “Ҳалол”: "Тоҷикстандарт" гуфт, чаро ин муҳим аст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкХаляльная продукция
Халяльная продукция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти кишвар мегӯяд, ки ҳоло дар бозорҳои ҷаҳонӣ талабот ба маҳсулоти тамғаи “Ҳалол” дошта зиёд аст ва ҷумҳурӣ талош дорад маҳсулоташро ба ин бозор барорад
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Муовини раиси "Тоҷикстандарт" Давлатшоҳ Мирзоён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки талош доранд маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори “Ҳалол” роҳ ёбад.
Вай афзуд, ки ҳар кас дар бозори ҳалол ҷой гирифта наметавонад.
Оқои Мирзоён гуфт, дар ҳоли ҳозир зиёда аз 4,5 милрд аҳолии ҷаҳон то агар дар маҳсулот нишони “Ҳалол” набошад онро истеъмол намекунанд.
Мақомодори тоҷик мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳоло аъзои Созмони ҳамкориҳои давлатҳои исломӣ дар бахши стандартизатсия ҳаст. Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2023 узви ин созмон шудааст.
“Мо имконияти истифодаи стандарти “ҳалол”-е, ки дар давлатҳои исломӣ аз тарафи Туркия таҳия гаштааст ва истифода мешавад, дорем. Ҳамчунин мо имконияти бо воситаи стандарти “ҳалол” иҷозатнома додани коргоҳҳоро дорем”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ин бисёр бозори калон аст ва Тоҷикистон аз ҳамин бозор канор буда наметавонем.
“Мо бояд дар ин бозор бошем. Ин иқтисодиёт аст. ин пешрафт аст”, - қайд кард муовири раиси “Тоҷикстандарт”.
Ҳамчунин ба гуфтаи мақомдори тоҷик стандарти “Ҳалол” рӯз то рӯз боло меравад ва талабот ба маҳсулоти зери тамғаи исломӣ зиёд шудааст.
Халяль-продукция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2022
Русия содироти маҳсулоти ҳалол ба Тоҷикистонро афзоиш додааст
“Талаботи стандарти “Ҳалол” бе ниҳоят вазнин аст. яъне дар як сех ё коргоҳе, ки маҳсулоти “ҳалол” мебарорад, иҷозат нест, ки дигар намуди маҳсулот тавлид карда шавад. Сар карда аз намаке, ки истифода мешавад, тамоми маводҳое, ки дар таркиби маҳсулот истифода мешавад, ҳар яке ӯ бояд тибқи стандарти “Ҳалол” сертификатсия карда шуда бошанд”, - гуфт Давлатшоҳ Мирзиён.
Мақомдор зикр кард, ки ин ҷо масъалаи ҳалолу ҳаром нест. инҷо гап сари маҳсулоти хатарноку бе хатар меравад.
Вай илова кард, ки стандарти “Ҳалол” дар тамоми намуди маҳсулот истифода мешавад. Ҳатто дар атриёт.
Лентаи хабарҳо
0