Бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад

Дар натиҷа роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, хонаҳои истиқоматии сокинон ва иншоотҳои ёрирасон зери об монданд ва қисман зарар диданд

Ба иттилои КҲФ сел дар ин деҳаи бузурги ноҳия ба 161 хонавода зарар расонд, ки аз он 16 хонаи истиқоматӣ ва 81 иншооти ёрирасону қитъаҳои наздиҳавлгӣ буданд

дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби 5 адад техника ва 270 нафар сокинони деҳот роҳҳои байнидеҳавӣ, селроҳа ва биноҳои истиқоматӣ аз гилу санг тоза карда шуданд

Ҳамчун ёрии таъҷилӣ ба оилаҳои осебдидаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби КҲФ расонида шуд

Аз ҷониби мақомоти ноҳияи Айнӣ зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа ва техника барои расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида, инчунин тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаву роҳҳои деҳаи Урметан аз гилу санг сафарбар карда шуданд

Мақомоти шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд барои аҳолии осебдида маводи ғизоӣ фиристоданд

Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти ноҳияи Айнӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии КҲФ ва мақомоти вилояти Суғд барои ҳисоби маблағи зарар ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ Ситод ташкил кардаанд.

Аз 29 июли соли равон 3 нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ барқарор карда шуда, аҳолӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд