https://sputnik.tj/20230802/nasha-nashamand-maqomot-omor-mutodon-tojikiston-1058587845.html
Нашъа зиёду нашъаманд кам: мақомот омори муътодон дар Тоҷикистонро эълон кард
Нашъа зиёду нашъаманд кам: мақомот омори муътодон дар Тоҷикистонро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик аз мусодираи зиёди маводи мухаддир, аммо дар ҳамин ҳол аз коҳиши теъдоди нашъамандон дар кишвар гузориш доданд
2023-08-02T10:45+0500
2023-08-02T10:45+0500
2023-08-02T10:56+0500
дар тоҷикистон
нашъаманд
маводи мухаддир
агентии назорати маводи нашъаовар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101374/32/1013743219_0:34:3069:1760_1920x0_80_0_0_329e5771a4cefaf3618aa44e2363c334.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар зимни нишасти матбуотияш хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 4183 нафар нашъаманд дар қайди расмӣ мебошад.Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар баробари ҳамин давраи соли қабл 254 нафар ё 5,7% коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2022 ин нишондиҳанда ба 4437 нафар мерасид.Ҳолатҳои муътодӣ дар кишвар миёни занон каме афзуда, теъдоди онҳо 103 нафар гуфта мешавад.Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 48,8 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело поин мебошад.Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.Ҳамин тариқ тибқи омори ин ниҳод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 476 килову 967 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 килову 645 гр) 4% ё 101 килову 5 гр кам мебошад.
https://sputnik.tj/20230802/tojikiston-musodira-mavod-mukhaddir-afzoish-1058587161.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101374/32/1013743219_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_79e97e52380153ffb481da58d0d67a38.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашъа нашъаманд мақомот омор муътод тоҷикистон
нашъа нашъаманд мақомот омор муътод тоҷикистон
Нашъа зиёду нашъаманд кам: мақомот омори муътодон дар Тоҷикистонро эълон кард
10:45 02.08.2023 (Навсозишуда: 10:56 02.08.2023) Мақомоти тоҷик аз мусодираи зиёди маводи мухаддир, аммо дар ҳамин ҳол аз коҳиши теъдоди нашъамандон дар кишвар гузориш доданд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар зимни нишасти матбуотияш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 4183 нафар нашъаманд дар қайди расмӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар баробари ҳамин давраи соли қабл 254 нафар ё 5,7% коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2022 ин нишондиҳанда ба 4437 нафар мерасид.
Ҳолатҳои муътодӣ дар кишвар миёни занон каме афзуда, теъдоди онҳо 103 нафар гуфта мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 48,8 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело поин мебошад.
Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.
Ҳамин тариқ тибқи омори ин ниҳод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 476 килову 967 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 килову 645 гр) 4% ё 101 килову 5 гр кам мебошад.