Муҳоҷири тоҷик зану кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод

© TEN девелопментМанучеҳр Расулов, муҳоҷири тоҷике, ки зану кӯдаки русро наҷот дод
Манучеҳр Расулов, муҳоҷири тоҷике, ки зану кӯдаки русро наҷот дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Екатеринбург, дар як сӯхторе, ки дар бинои баландошёна сурат гирифт, зану ва кӯдаки хурдсолро наҷот додааст
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Сохтмончие бо номи Манучеҳр Расулов ҳангоми сӯхтор дар маҷмааи истиқоматии баландошёнаи "Светлий", воқеъ дар шаҳри Екатеринбург аз замин ба қабати 25-уми бино баромада, як зан ва кӯдаки ӯро, ки бо марг рӯ ба рӯ буданд, аз миёни оташ берун баровардааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Шӯрои ҷамъияти назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин муҳоҷири тоҷик то сӯхторнишонҳо расидан ба ҷои ҳодиса, зану кӯдакро аллакай ба макони амн расондааст.
Тавре расонаҳои Русия аз кавли Манучеҳр Расулов менависанд, ӯ дар аввал гумон бурдааст, ки зан аз ақл берун шудаву тасмими аз он баландӣ ба поён париданро дорад.
Эмомали Рахмон провел встречу с Маратом Хуснуллиным - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
Манучеҳр аз девор ҳавлӣ ҷаҳида, ба сӯи бинои баландошёна давида, дод задааст: "Ин корро накунед! Худро ба даст гиред!" Пас бо зинапояҳо ба дари ҳуҷраи оташгирифта мерасад. Бидуни мисрон (лом) ва асбоби дигар, танҳо бо ёрии оҳанпораҳо дари ҳуҷраро кушода, аввал кӯдак, сипас модарашро ба даҳлез баровардааст.
Ҳамин тавр, ба шарофати қаҳрамонии ин муҳоҷири ҷавони тоҷик зану кӯдак рус аз ошёнаи 25 аз сӯхтор раҳо ёфтаанд.
Таъкид шудааст, ки Манучеҳр Расулов барои ин корнамоиаш аз тарафи ширкати сохтмонӣ, ки дар он кор мекард, бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0