Мақомоти тоҷик ба ваъдаҳои толибҳо бовар надоранд: омор дигар чиз мегӯяд

© AFP 2023 / NOORULLAH SHIRZADAПоле опийного мака. Архивное фото
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мегӯянд, пас аз сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Мақомоти тоҷик ба ваъдаҳои ҳукуматдорони нави Афғонистон дар мавриди мубориза ва кам кардани маводи нашъаовар бовар надоранд.
Агентии назорати маводи наъаовари Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд толибон пас аз ба қудрат расидан гуфтанд, ки назорат дар ин самтро пӯрзӯр кардаанд ва ҷазо барои кишту харидуфурӯши маводи мухаддирро сангин, аммо воқеият дигар чизро бозгӯ мекунад.
Ҳабибулло Воҳидзод, раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарияш оморҳои СММ-ро мисол овард, ки бар асоси он соли 2022 дар Афғонистон майдони кишти кукнор то 233 ҳазор гектар расид ва ё 32% афзоиш ёфт.
Вай афзуд, вақте майдони кишт зиёд гардид, ҳосил аз он ҳам бештар мешавад ва қисмизиёди маводи мухаддирро мақомоти тоҷик аз навоҳии марзӣ ошкору мусодира кардаанд.
Наркотики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро хатарзо хонд
Воҳидзода барои мисол аз соли 2020 пеш аз ба қудрат расидани толибонро омор овард, ки дар он замон 2 тоннаву 425 кг мавод мусодира шуда буд.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 ин рақам ба 4 тонна 83 кило, соли 2022 он қариб ба панҷ тонна расид
“Ҳоло бошад мусодираи нимсола аз яксолаи ҳамон давра бештар аст. Мо ба ваъдаиҳои онҳо бовар надорем ”, - афзуд раиси агентӣ.
Тибқи омори ин ниҳод танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти кишвар беш аз 2 тоннаву 476 кило маводи мухаддир ошкор ва мусодира кардаанд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ изҳор дошт, ки миқёси қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон мизони таҳдидкунанда касб кардааст.
Ӯ хост, ки мубориза бар зидди ин хатар бояд вазифаи асосии созмон боқӣ монад.
Лентаи хабарҳо
0