Ҷудокорони тоҷик дар "Russian Judo Tоur-2023" иштирок мекунанд

© SputnikТурнир по дзюдо в Душанбе
Турнир по дзюдо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Дар мусобиқаи "Russian Judo Tоur-2023" намояндагони кишвари мизбон - Русия, ҳамчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Эрон, Муғулистон ва ғайра иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгарро ба мусобиқаи навбатӣ дар доираи "Russian Judo Tоur-2023" дар шаҳри Красноярск сафарбар мекунад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз ҷумла иштироки паҳлавонон Саидзода Иброҳим, Бозоров Бахтиёр, Сафаралиев Алиҷон, Хоркашев Зикриоллоҳ дар вазни то 73 кг дар назар аст.
Дар вазни то 100 кило Тоҷикистонро Анварзода Эмомризо, Раҳимов Исроил намояндагӣ мекунанд.
Аз миёни бонувон Карчиева Шукрона дар вазни то 48 кило, Гулбоева Фазилат дар вазни то 57 кг ва Одинаева Мавлуда дар вазни то 63 кило барои зӯрозмоӣ ба Красноярск мераванд.
ҳолати хароби варзишгоҳи “Равшан”-и Зафаробод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Вазъи молиявию ҳолати хароби варзишгоҳ: Чаро “Равшан”-и Зафаробод бозӣ надорад – видео
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 4 - 7 август дар назар буда, дар баробари 250 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин намояндагони Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Эрон, Муғулистон иштирок хоҳанд кард.
Ҳамчунин рӯҳои 4-6 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон мусобиқоти устодони ҷудо - "Hungary Masters-2023" баргузор мешавад, ки дар он 5 ҷудокори тоҷик намояндагӣ хоҳанд кард.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар ҷои 12-уми радабандӣ қарор дорад, бо сабаби мушкили раводид ба Маҷористон рафта наметавонад, афзуданд масъулини Кумита.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов намояндагӣ кунад, ки дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор дорад.
Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило аз зинаи 11-уми радабандии ҷаҳонӣ, дар вазни то 66 кило 2 паҳлавон Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷои 20-уми радабандӣ ва Обид Ҷебов аз зинаи 28, дар вазни то 73 кило Беҳрӯз Хоҷазода аз зинаи 20-уми радабандии ҷаҳонӣ зӯр меозмояд.
Лентаи хабарҳо
0