Бачаи “Кали Ҳаким”: “гаронвазн”-ҳои қочоқи маводи мухаддир маълум шуданд

© Sputnik / Алексей Ефимов / Гузариш ба медиабонкЧемпионат по многоборью среди кинологов в Новосибирске
Чемпионат по многоборью среди кинологов в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Масъулини мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон тафсилоти амалиёти боздошти як қочоқбари мухаддирро ироа карданд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як нафарро бо беш аз 100 килограм маводи мухаддир боздошт кардааст.
Ин бузургтарин мавриди боздошти маводи мухаддир тайи ним соли равон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ, Шавкат Камолзода, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, моҳи марти соли равон Илҳом Сӯфиев, шаҳрванди Тоҷикистон, дар қаламрави ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо беш аз 100 кило маводи мухаддир дастгир карда шуд.

“Дар вақти тафтишоти пешакӣ маълум карда шуд, ки номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш Рустам Сӯфиев мехост ҳаҷми зикршудаи воситаи нашъадорро аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Қирғизистон қочоқ кунад”, - гуфт Камолзода.

Вай афзуд, Илҳои Сӯфиев бо қарори додгоҳ 20 сол равонаи зиндон ва моликияташ мусодира карда шуд.
“Айни ҳол барои боздошти дигар ҳамдастони ӯ амалиёти тафтишотӣ – ҷустуҷӯӣ идома дорад”, - гуфт Шавкат Камолзода.
Мавриди боздошти ҳаҷми бузурги маводи мухаддир дар вилояти Хатлон низ иттифоқ афтодааст.
Шӯҳрат Абдуллозода, сардори Раёсати сайёри оперативӣ гуфт, моҳи апрели соли ҷорӣ Манучеҳр Азимов, шаҳрванди Тоҷикистон, бо Руҳуллоҳ ном шаҳрванди Афғонистон дар Ӯзбекистон вохӯрда, сари қочоқи беш аз 50 кило маводи мухаддир тасмим мегиранд.
“Ин миқдор маводи мухаддирро тариқи марз аз Афғонистон интиқол дода, дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон пинҳон мекунанд. Ин пинҳонгоҳ дар пайи тадобири оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ ошкор карда шуд”, - гуфт Шӯҳрат Абдуллозода.
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Мақомоти тоҷик ба ваъдаҳои толибҳо бовар надоранд: омор дигар чиз мегӯяд
Вай афзуд, аммо бо мусодираи маводи мухаддир амалиёт ба анҷом нарасид, зеро Руҳулло рӯзи 27 июли соли равон тариқи Ватсап аз ҳамдасташ тақозо мекунад, ки маводро ба вилояти Суғд интиқол диҳанд ва ба афроди ӯ таслим кунанд.
“Дар пайи ин амалиёт фарде, ки бояд маводи мухаддирро таҳвил мегирифт, низ дар вилояти Суғд дастгир шуд”, - гуфт Шӯҳрат Абдуллозода.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, Манучеҳр Азимов писари Ҳаким Азимов, мулаққаб ба “Кали Ҳаким”, як қочоқбари машҳур дар Русияву Тоҷикистон аст.
Ҳаким Азимов дар Русия як маротиба боздошт шуда, шаш сол зиндонӣ будааст.
Бори дигар соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо 170 кило маводи мухаддир боздошт ва 16 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Лентаи хабарҳо
0