Боздошту ҷустуҷӯйи муҳоҷирони тоҷик барои муноқишаи маргбор дар Чехов

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака болельщиков, архивное фото
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Ҷузъиёти занозании маргбор дар канори Маскав, ки бар асари он муҳоҷирони тоҷик ҳалок шуданду боздошти чанд нафари дигар маълум шуд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар муноқиҳшаи маргбор ар ноҳияи Чехови вилояти Маскав даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд.
Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи занозанӣ ду нафар аз захмҳои корд ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, ду тан аз иштирокдорони ин бетартибӣ фирор кардаанд ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

“Боқимондаҳо айни ҳол дар Кумитаи тафтишотии минтақаи Чехов бозпурсӣ мешаванд”, - гуфт манбаъ.

Намояндагии Тоҷикистон дар бораи сабаби ҳодиса шарҳи бештаре надод ва гуфт, ки ҷузъиёти бештари ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Ҷузъиёти як занозании маргбор дар канори Маскав, ки бар асари ҳалокати муҳоҷирони тоҷик ва боздошти чанд нафар маълум шуд
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзуд
Ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Маскав, ҳамаи боздоштшудаҳо мардони аз 24 то 30 сола будаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик онҳо барои тафтиши бештар ба мақомоти тафтишотӣ интиқол дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 1 август дар Чехов занозании оммавӣ бо кордкашӣ миёни ду гурӯҳи муҳоҷирон рух дод.
Тибқи иттилои расмӣ, муноқиша дар як қаҳвахонаи маҳаллӣ оғоз шуда, сипас иштирокчиёни он ба шоҳроҳ гузаштанд, ки дар он ҷо задухӯрд рух додааст.
Лентаи хабарҳо
0