Ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПолицейский рейд в ТЦ "Москва"
Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Обуна шудан
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон дар қаламрави Русия нисбат ба соли гузашта 6,3% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирон дар Русия беш аз 22 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба омори Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 % афзуд.

"Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Федератсияи Русия 22,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 6,3% зиёд аст", - омадааст дар мавод.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ВКД, 18,4 ҳолати ҷиноятро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ содир намудаанд, ки нисбат ба як соли қабл 6,5% бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 6,9 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2% камтар аст.
Привлечение иностранной рабочей силы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Тоҷикистон аз Русия барои назорат бар омӯзиши муҳоҷирони корӣ даъват кард
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран рейдҳои мақомоти интизомӣ дар масҷидҳо ва намозгузориҳои мусулмонони вилояти Маскав ба манзури ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бештар шудааст.
Ҳамин тавр, дар Котелники назди Маскав кормандони ҳифзи ҳуқуқ далелҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро рейд карданд. Кумитаи тафтишот дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия беш аз 150 муҳоҷирро тафтиш кардааст. Маълум шуд, ки 5 нафари онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0