https://sputnik.tj/20230730/tarkish-purqurboni-jalasai-ulamo-pokiston-1058538359.html
Таркиши пурқурбонӣ дар ҷаласаи уламои Покистон
Таркиши пурқурбонӣ дар ҷаласаи уламои Покистон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Ҳизби ҷамъияти уламои исломии Покистон таркиш дар ҷаласаи ин анҷуманро амали террористӣ хонда, муҷозоти дастандаркоронро талаб кард
2023-07-30T19:31+0500
2023-07-30T19:31+0500
2023-07-30T19:31+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қурбон
таркиш
покистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046572038_0:0:3092:1739_1920x0_80_0_0_9f972eac3616e7547317b42bf8385d7c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Шумори қурбониёни таркиш дар анҷумани Ҳизби ҷамъияти уламои исломӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон ба 35 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории Dawn бо такя ба хадамоти изтирории Покистон иттилоъ дода, афзудааст, ки ҳамчунин беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад, ки таркиш тақрибан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Маскав) дар дохили бино дар ҷараёни анҷуман рух додааст. Пулис то ҳол нагуфтааст, ки сабаби таркиш чист. Раҳбари ҳизб, Ҳофиз Ҳамдулло гуфтааст, ки ӯ низ мебоист дар анҷуман ширкат мекард, аммо бо сабабҳои шахсӣ ширкат карда натавонист. Ӯ таркишро маҳкум карда, ҳодисаро "терроризм" номид ва аз раҳбарияти кишвар ва вилоят даъват кард, ки дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз кунанд.Ҳофиз Ҳамдулло ҳамчунин аз ҷонибдорони ҳизб даъват кард, ки барои кумак ба осебдидагони таркиш хун супоранд. Раиси Ҳизби мардумии Покистон, Билавал Бҳутто Зардорӣ, ки ҳамзамон вазири умури хориҷаи ин кишвар низ мебошад, изҳор дошт, ки ҳукуматҳои федеролӣ ва музофотӣ бояд шарикони террористро ба ҷавобгарӣ кашанд. Зардорӣ бо изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият ба наздикони қурбониён таъкид кард, ки созмондиҳандагони терроризм бояд муҷозот гарданд.
https://sputnik.tj/20230718/pokiston-terrorist-afghoniston-silohho-jadid-1058335348.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/05/1046572038_320:0:3051:2048_1920x0_80_0_0_6407a71e7d18d68f0ae8ee55c3281f00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, беш, покистон, узв, амал, террористӣ
ҳалокат, беш, покистон, узв, амал, террористӣ
Таркиши пурқурбонӣ дар ҷаласаи уламои Покистон
Роҳбари Ҳизби ҷамъияти уламои исломии Покистон таркиш дар ҷаласаи ин анҷуманро амали террористӣ хонда, муҷозоти дастандаркоронро талаб кард
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Шумори қурбониёни таркиш дар анҷумани Ҳизби ҷамъияти уламои исломӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон ба 35 нафар расид.
Дар ин бора хабаргузории Dawn бо такя ба хадамоти изтирории Покистон иттилоъ дода, афзудааст, ки ҳамчунин беш аз 80 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Гуфта мешавад, ки таркиш тақрибан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Маскав) дар дохили бино дар ҷараёни анҷуман рух додааст. Пулис то ҳол нагуфтааст, ки сабаби таркиш чист.
Раҳбари ҳизб, Ҳофиз Ҳамдулло гуфтааст, ки ӯ низ мебоист дар анҷуман ширкат мекард, аммо бо сабабҳои шахсӣ ширкат карда натавонист.
Ӯ таркишро маҳкум карда, ҳодисаро "терроризм" номид ва аз раҳбарияти кишвар ва вилоят даъват кард, ки дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз кунанд.
Ҳофиз Ҳамдулло ҳамчунин аз ҷонибдорони ҳизб даъват кард, ки барои кумак ба осебдидагони таркиш хун супоранд.
Раиси Ҳизби мардумии Покистон, Билавал Бҳутто Зардорӣ, ки ҳамзамон вазири умури хориҷаи ин кишвар низ мебошад, изҳор дошт, ки ҳукуматҳои федеролӣ ва музофотӣ бояд шарикони террористро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Зардорӣ бо изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият ба наздикони қурбониён таъкид кард, ки созмондиҳандагони терроризм бояд муҷозот гарданд.