Дар Тоҷикистон Қонуни танзим чӣ гуна риоя мешавад: омор

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный дастархан в Душанбе
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Обуна шудан
Дар як қатор манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе, Суғд ва ВМКБ мавориди нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” 419 маротиба нақз шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарии ҳисоботӣ раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода хабар дод.
Раиси ин ниҳод зикр кард, ки дар маҷмӯъ беш аз 12,4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Душанбе 61 маротиба қонуншиканӣ шудааст. Барои муқоиса, ин рақам дар соли 2022 50 буд.
Дар дигар минтақаҳо вазъият чунин аст:
Хатлон – 142 (2022 – 165);
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 85 (66);
ВМКБ – 15 (8);
Вилояти Суғд – 116 (127).
Ёдовар мешавем, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд.
Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Кумитаи дин шарҳ дод, ки чаро тоҷикистониён бештар ба умра аз тариқи Ӯзбекистон мераванд
Он ба коҳиши хароҷоти молӣ ва теъдоди меҳмонон дар маросиму идҳо ва ба ин васила ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар равона шудааст.
Ёдрас мешавем, ки соли 2021 маблағи ҷарима барои нақзи Қонуни танзим боло бурда шуд.
Тибқи он тағйирот, ҷарима барои риоя накардани ин қонун дар ҳаҷми 10 нишондод зиёд карда шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0