Кумитаи дин шарҳ дод, ки чаро тоҷикистониён бештар ба умра аз тариқи Ӯзбекистон мераванд

Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода
Глава Комитета по религии, регулированию национальных традиций, торжеств и обрядов Сулаймон Давлатзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Обуна шудан
Раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон қимати ҳаҷҷи умраро барои тоҷикистониён бо назардошти бастаи хидматрасониҳое, ки сурат мегирад он қадар гарон нест
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Сафари бештари умракунандагони Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбекистон ба гаронии чиптаи ҳавопаймо ва баъзе омилҳои дигар рабт дорад.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ин нуктаро дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки аз ӯ пурсиданд, ки чаро рафтан ба ҳаҷҷи умра дар мо гарон аст ва ба ин далел бештари сокинони кишвар аз тариҷи Ӯзбекистон мераванд.
“Эроде, ки шумо доред, ки гӯё нарх дар кишвари ҳамсоя арзон бошаду дар мо гарон, ин бармегардад ба нархи чиптаи ҳавопаймо”, - афзуд Давлатзода.
Аммо дар умму тибқи бастаи хидматрасониҳои пешкашаванда ба гуфти ӯ аз Тоҷикистон он қадр гарон нест.
Ӯ ҳамзамон афзуд, ки сафари иддае аз шаҳрвандони мо тариқи кишвари ҳамсоя бармегардад ба фаъолияти миёнаравҳо ё нафароне, ки бидуни иҷозат ба чунин кор машғул мешаванд, бо баҳонаи пешниҳод намудани нархи арзон.
“Ин ҷойи пӯшида нест, ки дилхоҳ шабакаи иҷтимоиро бикшои эълон дар бораи бурдани аҳолӣ ба сафари умра мебинӣ, ки нархҳои арзонтар пешкаш мекунанд, вале дар воқеъ ҳолат дигар аст”, - таъкид кард раиси кумита
Ба гуфтаи ӯ, дар ин нахе ки онҳо пешкаш мекунанд, баъзе хидматрасониҳое, ки барои як тан сайёҳ ва ё умракунанда муҳм аст, чун аксари умракунандагони мо калонсолон ҳастанд ва шояд шароити роҳро хуб намедонанд, нестанд.
Зиёрати қиблаи мусулмонон - Каъбатуллоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Раҳмон бори панҷум хонаи Худоро зиёрат кард: Ҳаҷҷи президент чӣ гуна гузашт – видео
Вай гуфт, борҳо шоҳиди он буданд, ки гуфта мешуд, дар роҳ умракунандагон барои нақлиёт ва ё чизе дигар маблағи иловагӣ гирифтаанд.
Раиси Кумитаи дин гуфт, ки афроди миёнарав дар худи арабистон ҳам мераванд аз меҳмонхонаҳои арзон истифода мекунанд ва ё як намунаи хобгоҳҳое ҳаст ба номи хобгоҳҳои вақф, ки дар онҷо бурда мардумро ҷойгир мекунанд.
“Ин ба фаъолияти баъзе тоҷироне бармегардад, ки беиҷозат ба чунин кор машғул мешаванд”,- афзуд вай.
Гуфта мешавад, ки фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷҷи умра тавассути ду ширкат ва ҳамзамон Кумитаи дин роҳандозӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0