https://sputnik.tj/20230801/sokhtmoni-inshoot-furudgohi-khujand-1058562299.html
Аз истгоҳи мошин то корхонаи дузандагӣ: Сохтмони иншоотҳои нав дар ҳудуди фурудгоҳи Хуҷанд
Аз истгоҳи мошин то корхонаи дузандагӣ: Сохтмони иншоотҳои нав дар ҳудуди фурудгоҳи Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд дар ҳудуди фурудгоҳ истгоҳи мошинҳо, меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта мешавад
2023-08-01T09:02+0500
2023-08-01T09:02+0500
2023-08-01T09:02+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
суғд
иншоот
сохтмон
аҳмадзода
фурудгоҳ
фурудгоҳи байналмилалии хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058561990_0:46:1280:766_1920x0_80_0_0_2ecd0aeaa71ebd046a80f5b125813fdd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд аз сохтмони чандин иншооти нав дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд хабар доданд.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ахиран Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос шуд.Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳамзамон саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила ҷалби бештари сайёҳони дохилу хориҷ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дорад.Манбаъ хабар додааст, ки дар фурудгоҳ барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт бунёд гардида, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд.Ҳамзамон корҳои пардозгарӣ дар дохили биноҳо меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав идома дорад.Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад.Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта шуда, дар оянда шабонарӯзӣ фаъолият хоҳад кард.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар ҳудуди фурудгоҳ коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуда, либосҳои махсуси корӣ барои кормандони шуъбаву хадамоти фурудгоҳ омода карда мешавад.Роҳбари вилояти Суғ Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин иншоотҳо бо собиқадорон, кормандони фурудгоҳ, ки солҳои зиёд дар он фаъолият намуда истодаанд, суҳбат кард.Вай дар ин дидор ба чор нафар кормандони фурудгоҳ туҳфаҳои моливу пулӣ аз номи раҳбари кишвар тақдим кард.
https://sputnik.tj/20230730/panj-shirkat-havoi-rusi-tojikiston-musofirbari-1058534905.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058561990_117:0:1254:853_1920x0_80_0_0_4fdc38e180f58e71438464f4857179da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, раҷаббой аҳмадзода, фурудгоҳ, истогоҳ, иншоот, тарабхона, истгоҳ
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, раҷаббой аҳмадзода, фурудгоҳ, истогоҳ, иншоот, тарабхона, истгоҳ
Аз истгоҳи мошин то корхонаи дузандагӣ: Сохтмони иншоотҳои нав дар ҳудуди фурудгоҳи Хуҷанд
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд дар ҳудуди фурудгоҳ истгоҳи мошинҳо, меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд аз сохтмони чандин иншооти нав дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд хабар доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ахиран Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳамзамон саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила ҷалби бештари сайёҳони дохилу хориҷ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дорад.
Манбаъ хабар додааст, ки дар фурудгоҳ барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт бунёд гардида, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд.
Ҳамзамон корҳои пардозгарӣ дар дохили биноҳо меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав идома дорад.
Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад.
Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта шуда, дар оянда шабонарӯзӣ фаъолият хоҳад кард.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар ҳудуди фурудгоҳ коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуда, либосҳои махсуси корӣ барои кормандони шуъбаву хадамоти фурудгоҳ омода карда мешавад.
Роҳбари вилояти Суғ Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин иншоотҳо бо собиқадорон, кормандони фурудгоҳ, ки солҳои зиёд дар он фаъолият намуда истодаанд, суҳбат кард.
Вай дар ин дидор ба чор нафар кормандони фурудгоҳ туҳфаҳои моливу пулӣ аз номи раҳбари кишвар тақдим кард.