https://sputnik.tj/20230602/marz-mehvari-muloqot-rahmon-jabborov-prezident-1057506660.html
Марз дар меҳвари мулоқоти Раҳмону Ҷабборов: президентҳо чӣ гуфтанд?
Марз дар меҳвари мулоқоти Раҳмону Ҷабборов: президентҳо чӣ гуфтанд?
Вазъи феълӣ ва дурнамои масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи меҳварии мулоқоти президентҳои ду кишвар дар шаҳри Чолпон-Ата буданд 02.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-02T13:58+0500
2023-06-02T13:58+0500
2023-06-02T14:03+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
қирғизистон
содир ҷабборов
марз
мулоқот
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057506266_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_23d1c5e43d68cfe887d8a2045fc9eb36.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Чолпон-Ата қарор дорад, бо ҳамтои қирғизаш, Содир Ҷабборов мулоқот кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд. Президентҳо аз мувофиқа шудани лоиҳаи сарҳади давлатии байни ду кишвар ба дарозии тақрибан 626 километр изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки аз ин 102 километри он дар 1,5 соли охир муайян шудааст. Роҳбарони ду давлат дар мавриди дурнамо изҳор доштаанд, ки музокирот ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли барои тарафайн мақбул бояд дар заминаи эҳтирому эътимод идома дода шаванд. Сарони давлатҳо аҳамияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки ду кишварро бори дигар тасдиқ намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Содиро Ҷабборов таъкид кардаанд, ки ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳои километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20230602/rahmon-shirkat-nishast-osiyo-markazi-avrupo-qirghiziston-1057493478.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057506266_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_b0844ee61b6d2b0aeeb239052472e920.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, қирғизистон, содир ҷабборов, марз, мулоқот
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, қирғизистон, содир ҷабборов, марз, мулоқот
Марз дар меҳвари мулоқоти Раҳмону Ҷабборов: президентҳо чӣ гуфтанд?
13:58 02.06.2023 (Навсозишуда: 14:03 02.06.2023) Вазъи феълӣ ва дурнамои масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи меҳварии мулоқоти президентҳои ду кишвар дар шаҳри Чолпон-Ата буданд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Чолпон-Ата қарор дорад, бо ҳамтои қирғизаш, Содир Ҷабборов мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
"Зимни мулоқот ба масъалаи муайяну аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд", - омадааст дар иттилоия.
Президентҳо аз мувофиқа шудани лоиҳаи сарҳади давлатии байни ду кишвар ба дарозии тақрибан 626 километр изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки аз ин 102 километри он дар 1,5 соли охир муайян шудааст.
Роҳбарони ду давлат дар мавриди дурнамо изҳор доштаанд, ки музокирот ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли барои тарафайн мақбул бояд дар заминаи эҳтирому эътимод идома дода шаванд.
Сарони давлатҳо аҳамияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки ду кишварро бори дигар тасдиқ намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содиро Ҷабборов таъкид кардаанд, ки ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳои километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.