https://sputnik.tj/20230801/anduh-rahmon-tarkish-jalasa-ulamo-pokiston-mushtarak-1058564939.html
Андуҳи Раҳмон аз таркиш дар ҷаласаи уламои Покистон: Ӯ хостори муборизаи беамон шуд
Андуҳи Раҳмон аз таркиш дар ҷаласаи уламои Покистон: Ӯ хостори муборизаи беамон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи террористии маргбор дар Покистонро маҳкум карда, хостори таҳкими муборизаи беамон бо ин зуҳурот гардид
2023-08-01T11:47+0500
2023-08-01T11:47+0500
2023-08-01T11:47+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
мубориза
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057579417_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_8c0b8361415abaa6b315dffd2746c0c6.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои покистонияш, Ориф Алвӣ ва сарвазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф паёми таслият ирсол кард. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалокату ҷароҳати шумораи зиёди шаҳрвандони Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхва изҳори андуҳ кардааст. Президенти Тоҷикистон ба пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми Покистон ҳамдардиву таслият баён дошта, хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон шуд. Маврид ба зикр аст, таркиши маргбор дар анҷумани Ҳизби ҷамъияти уламои исломӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон рӯзи 30 июл рух дода, даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Раиси Ҳизби мардумии Покистон, Билавал Бҳутто Зардорӣ, ки ҳамзамон вазири умури хориҷаи ин кишвар низ мебошад, изҳор дошт, ки ҳукуматҳои федеролӣ ва музофотӣ бояд шарикони террористро ба ҷавобгарӣ кашанд.Зардорӣ бо изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият ба наздикони қурбониён таъкид кард, ки созмондиҳандагони терроризм бояд муҷозот гарданд.
https://sputnik.tj/20230704/modi-afghoniston-amniyati-shsh-tasir-1058068003.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057579417_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_7034710b96cc41aaf70be3ff9a6b4c5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, террористӣ, покистон, ҳамла, маҳкум
эмомалӣ раҳмон, террористӣ, покистон, ҳамла, маҳкум
Андуҳи Раҳмон аз таркиш дар ҷаласаи уламои Покистон: Ӯ хостори муборизаи беамон шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи террористии маргбор дар Покистонро маҳкум карда, хостори таҳкими муборизаи беамон бо ин зуҳурот гардид
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои покистонияш, Ориф Алвӣ ва сарвазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф паёми таслият ирсол кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалокату ҷароҳати шумораи зиёди шаҳрвандони Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхва изҳори андуҳ кардааст.
"Мо ин амалкарди золимонаи ғайриинсониро қотеона маҳкум карда, зарурати таъхирнопазири муборизаи беамони муштаракро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм боз ҳам таъкид менамоем", - изҳор дошт Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон ба пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми Покистон ҳамдардиву таслият баён дошта, хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон шуд.
Маврид ба зикр аст, таркиши маргбор дар анҷумани Ҳизби ҷамъияти уламои исломӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон рӯзи 30 июл рух дода, даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Раиси Ҳизби мардумии Покистон, Билавал Бҳутто Зардорӣ, ки ҳамзамон вазири умури хориҷаи ин кишвар низ мебошад, изҳор дошт, ки ҳукуматҳои федеролӣ ва музофотӣ бояд шарикони террористро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Зардорӣ бо изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият ба наздикони қурбониён таъкид кард, ки созмондиҳандагони терроризм бояд муҷозот гарданд.