Моди: Вазъ дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои СҲШ таъсир мерасонад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Республики Индия Нарендра Моди. Архивное фото.
Премьер-министр Республики Индия Нарендра Моди. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Нахуствазири Ҳинд муҳим медонад, ки сарзамини Афғонистон барои паҳн кардани нооромиҳо дар кишварҳои ҳамсоя ва таблиғи ақидаҳои ифротӣ истифода нашавад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазъи Афғонистон ба амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таъсир ҷиддӣ мерасонад, гуфт нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди зимни ифтитоҳи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки ахиран ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
"Вазъият дар Афғонистон ба амнияти тамоми мардуми мо таъсир мерасонад. Аксари кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой монанди Ҳинд бо нигарониҳо ва интизориҳои Ҳинд дар мавриди Афғонистон ҳамфикранд. Мо бояд барои кумак ба мардуми Афғонистон талошҳои муштарак кунем", - гуфт нахуствазир.
Модӣ қайд кард, ки СҲШ бояд ба нафъи афғонҳо кор кунад ва ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона расонад.
"Муҳим аст, ки сарзамини Афғонистон барои паҳн кардани нооромиҳо дар кишварҳои ҳамсоя ва таблиғи ақидаҳои ифротӣ истифода нашавад", - афзуд ӯ.
Бояд гуфт, ки раҳбари Русия владимир Путин низ дар нишасти ин Созмон аз вазъи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Раҳмон роҳи субот дар Афғонистонро гуфт
Ба гуфтаи вай вазъ дар Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мондааст.
"Аз рӯи анъана СҲШ ба авзоъ дар Афғонистон таваҷҷӯҳ дорад ва ҳамтоёнам ҳоло дар ин бора сӯҳбат карданд. Шиддатнокии вазъият, мутаассифона, коҳиш наёфтааст", - гуфт раҳбари Русия.
Вай илова кард, ки афзалияти СҲШ, "бояд мубориза бо терроризм, муқовимат ба ифротгароӣ ва радикализми мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва дигар навъҳои қочоқ, мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткорӣ боқӣ монад."
Лентаи хабарҳо
0