https://sputnik.tj/20230731/tavlid-moh-tojikiston-talaboti-fiziologi-kamtar-1058554166.html
Тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон аз талаботи физиологӣ даҳҳо баробар камтар аст
Тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон аз талаботи физиологӣ даҳҳо баробар камтар аст
Sputnik Тоҷикистон
Меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти озуқаворӣ, ки ҳукумат тасдиқ кардаст, талаботи солонаи як нафарро ба гӯшти моҳӣ 9 кило дар сол муқаррар кардааст
2023-07-31T17:58+0500
2023-07-31T17:58+0500
2023-07-31T17:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
моҳӣ
зиёд шудан
тавлидот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133482_0:99:3077:1830_1920x0_80_0_0_091525b66e1532947895ed7779f23939.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли равон 1640 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, иттилоъ дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми моҳии сайдшуда дар Тоҷикистон тайи 6 моҳ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 тонна ё 43% фоиз зиёд мебошад.Вазорат афзоиши тавлиди моҳиро натиҷаи амалишавии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ хондаст, ки барои афзоиши шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ мусоидат кардаст. Манбаъ афзуд, ки феълан дар ҷумҳурӣ 381 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати беш аз 2,7 ҳазор гектар фаъолият доранд. Таъкид шуд, ки шумораи хоҷагиҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 га зиёд мебошад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи дурнамо соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ бояд 5100 тонна моҳии молӣ истеҳсол намоянд. Бо вуҷуд ин нишондод барои қонеъ кардани талаботи кишвар нокофӣ арзёбӣ мегардад. Мувофиқи қарори ҳукумат дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ 9 кило дар як сол мебошад.Таъкид гардидааст, ки барои таъмини беш аз 10 млн аҳолӣ ҳудуди 90 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол карда шавад.
https://sputnik.tj/20230731/tojikiston-murgh-ziyod-tukhm-kam-1058547242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133482_348:0:3077:2047_1920x0_80_0_0_7fcd77a1e553baebc638a715bdba931e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулот, озуқаворӣ, сол,
тоҷикистон, маҳсулот, озуқаворӣ, сол,
Тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон аз талаботи физиологӣ даҳҳо баробар камтар аст
Меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти озуқаворӣ, ки ҳукумат тасдиқ кардаст, талаботи солонаи як нафарро ба гӯшти моҳӣ 9 кило дар сол муқаррар кардааст
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли равон 1640 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, иттилоъ дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми моҳии сайдшуда дар Тоҷикистон тайи 6 моҳ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 тонна ё 43% фоиз зиёд мебошад.
Вазорат афзоиши тавлиди моҳиро натиҷаи амалишавии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ хондаст, ки барои афзоиши шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ мусоидат кардаст.
Манбаъ афзуд, ки феълан дар ҷумҳурӣ 381 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати беш аз 2,7 ҳазор гектар фаъолият доранд. Таъкид шуд, ки шумораи хоҷагиҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 га зиёд мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи дурнамо соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ бояд 5100 тонна моҳии молӣ истеҳсол намоянд.
Бо вуҷуд ин нишондод барои қонеъ кардани талаботи кишвар нокофӣ арзёбӣ мегардад.
Мувофиқи қарори ҳукумат дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ 9 кило дар як сол мебошад.
Таъкид гардидааст, ки барои таъмини беш аз 10 млн аҳолӣ ҳудуди 90 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол карда шавад.