https://sputnik.tj/20230731/guftugu-tojikistonu-uzbeksiton-marz-dushanbe-1058557117.html
Гуфтугӯи шашрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз дар Душанбе
Гуфтугӯи шашрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
2023-07-31T20:30+0500
2023-07-31T20:30+0500
2023-07-31T20:30+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
равобит
марз
комиссия
музокирот
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058556951_0:93:1234:787_1920x0_80_0_0_c23a2a00a85caa6c19842cfd8e147c73.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Аз 24 то 30 июли соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.Таъкид шудааст, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки қарор аст вохӯрии навбатӣ дар Узбекистон баргузор гардад.Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли равон Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки дар шаҳри Қаршӣ ҳафтаи мулоқоти гурӯҳҳои кории комиссияи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон анҷом ёфт."Зимни мулоқот масъалаҳои убури хатти сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.
https://sputnik.tj/20230722/muloqot-sarvaziron-tojikiston-uzbekiston-dushanbe-1058399057.html
ӯзбекистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058556951_0:0:1234:925_1920x0_80_0_0_af5a63a5e9514d907d0fffa23677182e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, музокирот, марз, гурӯҳҳои корӣ, ҳамкорӣ, комиссияи муштарак
тоҷикистон, ӯзбекистон, музокирот, марз, гурӯҳҳои корӣ, ҳамкорӣ, комиссияи муштарак
Гуфтугӯи шашрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Аз 24 то 30 июли соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки қарор аст вохӯрии навбатӣ дар Узбекистон баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли равон Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки дар шаҳри Қаршӣ ҳафтаи мулоқоти гурӯҳҳои кории комиссияи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон анҷом ёфт.
"Зимни мулоқот масъалаҳои убури хатти сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.