Аз энегетика то тиҷорату нақлиёт: мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

© Sputnik / Екатерина Штукина Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода
Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Обуна шудан
Сарвазирони ҳар ду ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки барои иҷрои супоришҳои раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои муҳимро бояд идома дод
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазирони ҳар ду кишвар баргузор гардид, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар мулоқот самтҳои гуногуни ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа таъкид шуд, ки давоми солҳои охир дар доираи сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рушди муносибатҳои дуҷониба таъмин гардид.
"Ҷонибҳо бо мақсади иҷрои супоришҳои сарони давлатҳо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самту соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Илова бар ин, амалигардонии нақшаҳо ва дар ҳамин замина таҳкими робитаҳо тавасути истифодаи захираҳои табиӣ дар соҳаи энергетика ба манфиати ҳарду давлатмебошад.
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт
Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон амалишавии ҳадафҳои роҳбарони ду давлатро самарабахш донистанд.
Зикр гардид, ки дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ рушди дучанди робитаҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъмин карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0