Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон мулоқот мекунад

© пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон президент Таджикистана
Эмомали Рахмон президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар мулоқот иштироки номдорони соҳаи варзиши Тоҷикистон ва табодули афкор бо раисҷумҳур дар мавриди дурнамои рушди ин соҳа дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар дар рӯзи касбияшон дар назар аст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти президент иттилоъ дода, афзуданд, ки мулоқот 10 август ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи варзишгарон бо чорабиниҳои мухталифи варзишию оммавӣ таҷлил мешавад.
Соли равон мулоқоти президенти Тоҷикистон бо варзишгарон ба нақша гуфта шуда, иштироки фаъолону номбардорони варзиши кишвар дар он дар назар мебошад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар вохӯрӣ метавонад мавзӯъҳои марбут ба мушкилот ва дастовардҳои варзиши баррасӣ гарданд.
Зебинисо Рустамова: имрӯз дар Тоҷикистон онеро мебинам, ки қаблан орзуяшро доштам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Зебинисо Рустамова: Имрӯз дар Тоҷикистон онеро мебинам, ки қаблан орзуяшро доштам
Аз ҷумла табодули андешаҳои татбиқи стратегияи рушди ин соҳа дар кишвар ва ҷалби сарпарастон низ метавонад аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот бошад.
Мулоқоти нахустини раисиҷумҳури ҷумҳурӣ бо варзишгарону мураббиён дар таърихи варзиши тоҷик тобистони соли 2010 баргузор шуда буд.
Дар он замон муколамаи Эмомалӣ Раҳмон бо шахсони масъули соҳа ва варзишкорон барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахш мусоидат карда буд.
Тибқи омори расмӣ, ба ҳолати оғози соли равон дар кишвар, наздики 10,8 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият доранд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла 126 варзишгоҳ, наздики 7,5 ҳазор майдончаи варзишӣ, беш аз 2,2 ҳазор толори варзишӣ, 94 ҳавзи шиноварӣ, 84 маҷмааю маркази солимгардонӣ ва наздки 800 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва ғайра қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0