https://sputnik.tj/20230731/anduhi-rahmon-darguzasht-barodari-prezident-ama-1058546989.html
Андӯҳи Раҳмон аз даргузашти бародари президенти Амороти Муттаҳидаи Араб
Андӯҳи Раҳмон аз даргузашти бародари президенти Амороти Муттаҳидаи Араб
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб вобаста ба марги бародараш барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
2023-07-31T14:55+0500
2023-07-31T14:55+0500
2023-07-31T15:38+0500
дар тоҷикистон
ама
эмомалӣ раҳмон
барқияи таслият
раисҷумҳур
даргузашт
бародар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056978926_0:0:2846:1600_1920x0_80_0_0_474a575587d537b619296b154c0a1d4e.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи худ навиштааст, ки хабари марги бародари Президенти АМА ӯро сат андӯҳгин кардааст.Раисҷумҳури кишвар вобаста ба ин талафоти гарон ба кишвардори АМА ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии иброз намудааст."Аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, - навиштааст раҳбари Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳо дар бораи марги Саид бин Зайд Оли Наҳаён бародари хурдии раисиҷумҳури Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.Ба иттилои расонаҳо ӯ бар асари мушкилоти саломатӣ аз олам чашм пӯшид.Дар робита ба ин ҳодиса дар кишвар мотами серӯза эълон шуда буд.
https://sputnik.tj/20230720/rahmon-khonai-khudo-ziyorat-hajji-prezident-video-1058362417.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056978926_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_70430fc11300c947b2b2dfe99f064acf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, барқия, тассалӣ, даргузашт, андӯҳ, ама, марг
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, барқия, тассалӣ, даргузашт, андӯҳ, ама, марг
Андӯҳи Раҳмон аз даргузашти бародари президенти Амороти Муттаҳидаи Араб
14:55 31.07.2023 (Навсозишуда: 15:38 31.07.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти Амороти Муттаҳидаи Араб вобаста ба марги бародараш барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи худ навиштааст, ки хабари марги бародари Президенти АМА ӯро сат андӯҳгин кардааст.
“Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид”, - қайд кардааст Раҳмон.
Раисҷумҳури кишвар вобаста ба ин талафоти гарон ба кишвардори АМА ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии иброз намудааст.
"Аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, - навиштааст раҳбари Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳо дар бораи марги Саид бин Зайд Оли Наҳаён бародари хурдии раисиҷумҳури Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Ба иттилои расонаҳо ӯ бар асари мушкилоти саломатӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар робита ба ин ҳодиса дар кишвар мотами серӯза эълон шуда буд.