Тоҷикистон бо 12 кишвари дигари ҷаҳон созишномаи алоқаи ҳавоӣ бастанист

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкСамолеты в аэропорту
Самолеты в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон азм дорад, масири парвозҳои байналмилалиро бештар кунаду бо кишварҳои бештар дар Осиё ва Аврупо созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ бандад
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Лоиҳаи созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ бо 12 кишвари ҷаҳон айни ҳол мавриди баррасӣ қарор доранд, иттилоъ Агентии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Маҷористон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Сингапур, Кипр, Миср, Маҷористон ва Литва дар баррасии ҷонибҳоянд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки созишнома бо Бритониё бо назардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, манфиатҳои миллӣ ва ширкатҳои ватанӣ такмил дода шуда, дар шаҳри Лондон дар баррасист.
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
"Тоҷик Эйр" дигарбора ба парвоз медарояд
Зикр гардид, ки айни ҳол Тоҷикистон бо 28 кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидаси.
Дар ин миён аз ҷумла 9 кишвари ИДМ - Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Тоҷикистон ҳамчунин бо 7 кишвари Аврупо - Фаронса, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия ва 11 кишвари Осиё - Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Қувайт, Ҷумҳурии Корея ва Салтанати Умон созишнома дорад.
Лентаи хабарҳо
0